ХАБАРЕ, КИ БОИСИ ИФТИХОР АСТ...
Хабари бори чорум ба Феҳристи 500 мусулмони бонуфузтарини дунё шомил гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шодию сурур ва эҳсоси ифтихор дарёфтам.
Ин амр агар аз як ҷониб гувоҳи мақоми баланди Пешвои миллати тоҷикон дар арсаи олами ислом бошад, аз ҷониби дигар бори дигар дар роҳи муаррифии Тоҷикистон ва фарзонафарзандони он ба ҷаҳони муосир нақши муассир дорад.
гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ, озодии виҷдон ва эътиқод, аз ҷумла эътиқоди динӣ, ҳукмфармо гашта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ниёзҳои эътиқодии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ мегардонанд.
Сафарбарнамоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ ҷиҳати адои зиёрати хонаи Худо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маҳсуб мешавад. Дар натиҷаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, мардуми мусулмони кишвар имконият пайдо намуданд, ки бо истифода аз ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии худ маросимҳои динӣ, аз ҷумла фаризаи ҳаҷ ва умраро озодона ба ҷо оранд.
Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 маротиба, солҳои 1997, 2001 ва 2016 ба Мамлакати Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом дода, моҳи декабри соли 2005 барои иштирок дар мулоқоти фавқулодаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ба шаҳри Макка сафар намуд. Зимни ҳар чаҳор сафар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маросими умра ё худ зиёрати Каъбаро ба ҷо оварда, моҳи декабри соли 2005 бори нахуст ба ворид шудан ба дохили хонаи Каъба мушарраф гардида буд.
Бо меҳрубонии Худованд ва бо таваҷҷуҳу эҳтироми баланди Ходими Ҳарамайни Шарифайн ба Пешвои миллати мо дар сафари чорумини худ ба Арабистони Саудӣ низ, муяссар гардид, ки бори дуюм ба дохили хонаи Худо ворид шаванд ва барои Тоҷикистони азиз ва мардуми дуои нек кунанд.
Имрӯз Тоҷикистон миёни кишварҳои исломии олам бо кӯшишҳои роҳбари хирадманди худ ҷойгоҳ ва мавқеи хосса дорад. Дар соли 2010 бо Қарори Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) эълом гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ далели эътирофи он аст, ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатии худ дар ҳифз ва ғанӣ гардонидани мероси динӣ ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Тавре ишора кардем, инак Пешвои муаззами миллати мо барои бори чаҳорум ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардиданд. Бешак, ба чунин шарафи баланд ноил гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯй аз нуфузу эътибори шоистаи ӯ дар олами ислом аст.
Муҳаммадиев Фаррух,
имомхатиби масҷиди деҳоти
Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар