Асосӣ Хабарҳо ДАСТГИРИИ ҲНИТ – ДАСТГИРИИ ТЕРРОРИЗМ

ДАСТГИРИИ ҲНИТ – ДАСТГИРИИ ТЕРРОРИЗМ

ДАСТГИРИИ ҲНИТ – ДАСТГИРИИ ТЕРРОРИЗМ
2017-11-10
3478

 Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ, ки беш аз 20 сол дар хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз фаъолияти расмӣ дошт, ҳамеша кӯшиш кардааст, ки фаъолиятҳои экстремистиву террористии худро дар зери ниқоби “фаъолиятҳои хайрия” пӯшиш диҳад.

Дар мақолае, ки ахиран аз ҷониби нашрияи “ИМРӮЗ NEWS” ба чоп расид, ин мавзӯъ аз ҷониби рӯноманигор батафсил ва мӯшикофона таҳлилу баррасӣ гардидааст.

Дар мақолаи мазкур аз таҳияи феҳристи кишварҳо ва ташкилоти ҳомӣ ва сарпарасти воқеии терроризм сухан меравад, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ тоза ба шинохти он муваффақ гардид. Чунончи муаллиф мегӯяд, “як нуктаро набояд фаромуш кард, ки ҳанӯз 33 сол қабл аз ин аввалин маротиба феҳристи кишварҳо ва ташкилотҳои сарпараст ва ҳомии терроризм омода шудаву давлату ташкилотҳое ҳам, ки то ин замон ТЭТ ҲНИТ-ро дастгирии молиявию идеологӣ мекунанд, ба он ворид шудаанд”. Дар идома муаллифи мақола воқеъбинона таъкид менамояд, ки вақте соли 1984 аз ҷониби Департаменти давлатии Амрико феҳристи зикршуда таҳия мегардад, баъзе аз кишварҳо аз ворид гардидани бархе аз давлатҳо ва ташкилотҳо ба ин феҳрист изҳори нигаронӣ кардаанд. Аммо имрӯз худи он кишварҳо ба дарки хатари ташкилоту давлатҳои ҳомии терроризм, аз ҷумла кишварҳое, ки ҲНИТ-ро дастгирӣ мекунанд, расидаанд ва бо назардошти паёмадҳои ҷиддии он болои он кишварҳо таҳримҳо ҷорӣ карда истодаанд.

Агар  Департаменти давлатии Амрико дар нишон додани чеҳраи воқеии кишварҳои дастгирикунандаи терроризм чандон муваффақ нагардидаву барои муваффақият дар ин самт ба ӯ беш аз 30 сол лозим шуда бошад, Тоҷикистони мо тавонист дар зарфи ҳамагӣ ду сол чеҳраи манфури чунин кишварҳои ба назар дӯст ва дар асл душмани воқеии терроризмро ба ҷомеаи башарӣ нишон диҳад. Таҳияи филмҳои гуногун аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ва фаъолиятҳои устувор дар ин самт боис гардид, ки имрӯз ТЭТ ҲНИТ аз ҷониби ҳадди ақал ду ниҳоди муътабари ҷаҳонӣ – Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил террористӣ будани ТЭТ ҲНИТ-ро эътироф кардаанд. Гузашта аз ин, ба қавли муаллифи мақола “дар ду соли ташкилоти террористию экстремистӣ эълон шудани ТЭТ ҲНИТ созмонҳое онро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф карданд, ки беш аз 3,5 миллиард аҳолии сайёраро муттаҳид мекунанд”.

Ҳоло дар як нуктаи бисёр ва дилхушкунанда ва муҳим метавон бо муаллифи ин мақола ҳамовоз буд, ки “Тоҷикистон дар муаррифии чеҳтари аслии ин ҳизби мамнуъ муваффақтар аз Департаменти давлатии ИМА дар муаррифии чеҳраи аслии давлату ташкилотҳое гардид, ки ҳанӯз даҳсолаҳо қабл ба сарпарастии терроризм шуруъ кардаанд”.

Азизов Саидҷон,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

Авлиёбобои шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар