ИБОДАТ БА ҶУЗ ХИДМАТИ ХАЛҚ НЕСТ..
Ба муносибати бори чорум ба рӯйхати 500 мусулмони аз ҳама бонуфузи дунё шомил шудани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Ба назари баъзе қишри ҷомеа мусулмон будан ва ё хидмат ба ислом карданро аксаран дар ба ҷо овардани рукнҳои ибодатӣ аз қабили намозу рӯза ва ғайра мебинанд. Баъзеи дигар аз қишри зоҳирпарасти ҷомеа поро аз ин ҳам фаротар гузошта, нафаронеро, ки либосҳои ба истилоҳи имрӯза динидошта, аз қабили ришу салаву ҷелаки дароз пӯшидаро нисбат ба дигар қишри ҷомеа “мусулмонтар” меҳисобанд. Пайғамбари ислом дар ҳадиси муборакашон фармудаанд: Худованд дар сурати зоҳирии шумо нигоҳ намекунад, балки дар дил ва амалҳои шумо нигоҳ мекунад.
Пас дар хидмати ҷомеа будан, ба мардум нафъ расонидан, хайрхоҳи халқ гаштан, манфиатҳои миллатро пуштибонӣ кардан ва дигар амалҳои нек сифати муъмини комил мебошад.
Аз ин рӯ, боиси сарфарозии миллати мост, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум аст, ки дар руйхати 500 мусулмони бонуфузтарини дунё шомил карда шуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки шахсияти ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони ислом мавриди таваҷҷуҳ ва ҳар амал ва кушишҳои ӯ нисбати дини мубини ислом омӯхтаву қадрдонӣ карда мешавад. Албатта сазовори қадрдонӣ ҳам ҳаст, зеро ҳимоя кардан аз дини поки ислом аз минбарҳои созмонҳои бузурги ҷаҳонӣ, исломро дини сулҳу дӯстӣ муаррифӣ кардану тағмаи “террор”-ро аз рӯи он пок кардан, ки “террорист ватан, миллат ва дин надорад”, ин худ далолат аз эътирофи шахсияти Пешвои миллат дар дунёи ислом мекунад.
Боиси хушњолї аст, ки дар рўйхати 500 мусулмони бонуфузтарини дунё номи Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон Саидмукаррам Абдуќодирзода низ бори дуввум ворид гардидааст. Ин ќадрдонї нишонаи талошњои ихлосмандонаи ў дар самти беолоиш нигоњ доштани мазњаби њанафї аз њар гуна падидањои ифротгарої ва тундравона буда, барои мардуми шарифи кишвар, хусусан рўњониён ва ходимони дин ифтихор ва мояи сарбаландї мебошад.
Пас мо фарзандони ин миллати куҳанбунёд дар пайравӣ аз Пешвои муаззами худ тамоми саъю талошро ба харҷ диҳем, ки хидмати холисонае дар ҷомеа карда бошем ва кӯшиш бар он дорем, ки Тоҷикистони азизро ҳамчун як давлати мутараққӣ ва аз ҳама ҷиҳат пешрафта ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Шарифзода Азалшоҳ Баҳром,
Сархатиби шаҳри Ҳисор
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар