Асосӣ Хабарҳо Пешвои миллат – ташвиқгари номи тоҷикон дар ҷаҳон

Пешвои миллат – ташвиқгари номи тоҷикон дар ҷаҳон

Пешвои миллат – ташвиқгари номи тоҷикон дар ҷаҳон
2017-11-16
3349

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳар як миллат, ҳар як қавм ва ҳар як оиларо бо сарпарасташ баҳо медиҳанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хатари аз байн рафтани кишвари Тоҷикистон ва мардуми он вуҷуд дошт. Бо саъй ва талоши бузургмарди таърих, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба изни Худованд ин кишвару миллат аз хатари нестӣ наҷот ёфт. Ин хидмати Пешвои миллат барои ҳар як фарди баору номуси миллат шоистаи таҳсину қадрдонӣ аст. Имрўз аз ҷониби созмони илмӣ тадқиқотии Уммон, ки дар олами Ислом ҳамчун созмони бонуфуз эътироф шудааст, Пешвои тоҷикон бори чорум ба рўйхатти «500 мусулмони бонуфузи дунё» сазовор дониста мешавад, илова бар ин, дар радифи Сарвари тоҷикон Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода низ бори дувум аст, ки ба ин унвон қадрдонӣ шудааст.

Инсон бояд ҳар як чизи оламро новобаста аз шахсият, ҷинсият, вазифа ва масъулияташ аз рўи инсоф баҳогузорӣ намояд. Хидматҳое, ки Пешвои миллат барои оммаи мардум ва кишвараш анҷом додааст, таҷрибаи сиёсии ў дар олам беназир аст, зеро дар як муддати кутоҳ кишваре, ки аз он қариб чизе намонда буд, бунёд кард ва ба ҷаҳониён бузургии мардуми тоҷикро нишон дод.

Саидмукаррам Абдуқодирзода низ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пуштибонӣ намуда, ҳама вақт дар хутбаҳои масҷид ва вохўриҳояш бо мардум дар дохил ва хориҷи кишвар суҳбат аз сулҳу салоҳ, башардўстӣ, ваҳдат, ки асли таълимоти дини мубини Ислом аст, тавсияҳо медиҳанд ва маслиҳатҳои судманд пешниҳод намуда, ҳамеша даъват мекунанд, ки бояд мардуми мусулмон дўстию бародарӣ ва эҳтироми якдигарро дошта бошанд, аз буѓзу адоват, душманию хиёнат дур бошанд.

Хулоса бори чорум ворид шудани номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўйхати созмони бонуфузи олам ва ҳамзамон бори дуюм ворид шудани номи Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар ин рўйхат қадрдонӣ ва айни ҳақиқат аст, ки месазад мардуми тоҷик аз ин ифтихор кунанд.                       

 Раёсати фатвои 

Маркази исломии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар