Асосӣ Хабарҳо Қарори Раёсати Шӯрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шӯрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шӯрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)
2017-11-29
4241

Чунонки маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои кишвар баргузор мегардад. Имсол низ вобаста ба ин рӯйдоди фархунда Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он “ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 1-уми декабри соли 2017 қайд карда мешавад.

қобили зикр аст, ки мавлуди Расули Худо (с) яке рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии аҳли башар ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид.

Раёсати Шӯрои уламо кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:58
Пешин12:40
Аср16:45
Шом18:44
Хуфтан20:14
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар