Асосӣ Хабарҳо Шукронаи давр

Шукронаи давр

  Шукронаи давр
2015-02-20
5375

                                                  Нахустин сухан чун кушоиш кунем,
                                                   Ҷаҳонофаринро ситоиш кунем

                                                       Шукронаи давр

    Алҳамду лиллоҳи Раббил-оламин, вал-оқибату лил-муттақин, вассалоту вассалому ало расулиҳил-амин.

    Шукру сипос Худойро, ки барои аҳли диёри мо аз ҳама неъмати бузург тинҷию оромӣ, хайру баракат ва ваҳдати миллиро ато фармудааст.

    Имрӯз бо саъю талоши мардум ва тавассути роҳбарии одилона ва оқилонаи роҳбарони олимақоми ҷумҳурӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ садҳо масоҷиди ҷомеъу марказӣ ва ҳазорҳо масҷидҳои панҷвақта дари худро ба рӯи намозгузорон боз кардаанд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ  Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абўҳанифа ва гимназияи исломӣ арзи вуҷуд  дорад.

    Аз моҳи майи соли 1997 сохтори ягонаи динӣ “Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои уламо фаъолияти худро дар доираи аркони шариати поки Муҳаммадӣ ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ аз ҷумла “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”  хуб ба роҳ мондааст.

    Давоми панҷ сол аст, ки роҳбарии ин марказро марди донишманд муҳтарам Саидмукаррам Абдулқодирзода ба уҳда доранд.

    Ҳазрати муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода мувофиқи нақшаи корӣ ба тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ сафарҳои корӣ анҷом медиҳанд. Аз ҷумла ҳар вақто, ки ба вилояти Суғд ташриф меоранд, риояи фатво ва қарорҳои Маркази исломиро назорат мекунанд, дар масоили ақидавӣ тибқи ақидаи аҳли суннату ҷамоат, масоили шаръиро мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ ва татбиқи қонунҳои миллиро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ пурсон шуда, бурдани корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт таъкид менамоянд.

    Мувофиқи супориши Раиси Маркази исломӣ  Шӯрои уламои вилояти Суғд дар моҳҳои охир бо иштироки имомхатибон масоили мубрами рӯз, аз ҷумла пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ ва ақидаи аҳли суннату ҷамоат, шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ, зарари ҳизбу ҳаракатҳои ба ном динии ихтилофангез, худкушӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон, инчунин дар хусуси Паёми Ҷаноби Олӣ ба маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси намояндагон, соли 2015 эълон шудани соли Оила, ва ғайраро баррасӣ намуд.
  Бо тавсияи ҳазрати муфтӣ Шӯрои уламои вилояти Суғд дар мањалњо оиди дастовардҳои истиқлолият дар соҳаҳои гуногун, хусусан дар соҳаи дину мазҳаб мулоқоту вохўриҳоро анҷом дод.

     Раёсати Шӯрои уламои вилоят аз фаолияти Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамаи ҷиҳатҳои фаъолияти корӣ хулоса бароварда, онро қадршиносӣ мекунад. Яке аз онҳо ташкил кардани сомонаи интернетии Маркази исломӣ бо номи “ www.muftiyat.tj” аст, ки дар ин айём яке аз заруртарин воситаи иттилоотӣ мебошад. Хушбахтона бо таъсис ва фаъол гардидани сомонаи интернетии Марказ шаҳрвандон оиди масоили рўзмараи худ суолҳо ирсол намуда, аз ҷониби Раёсати фатво ҷавобҳои мушаххас мегиранд. Сомонаи Марказ дар баробари посухи суолњои шаҳрвандон инчунин хабару мақолаҳо дар мавзўъҳои гуногуни динию мазњабӣ ба нашр расонида истодааст, ки ҳар шахси ба ин сомона ворид шуда, ба худ як манфиати судманде ҳосил менамояд .

Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода
Раиси Шурои уламои  вилояти Суғд,
номзади улуми суханшиносӣ

 

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар