НАҲЗАТИЁН: ДАР ЗАБОН НОМИ ХУДО ДАР ҚАЛБ ШАЙТОНГАРӢ
Бештари инсонҳо оид ба мусулмонӣ чунин андеша доранд, ки мусулмонӣ бо забон гуфтану бо қалб тасдиқ кардан аст. Дар ин маврид фармудае низ ҳаст, ки «Мусалмони комил он аст, ки дагарон аз забон ва дасти ӯ озоре набинанд». Аммо мутаассифона имрӯзҳо зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷомеа, ки аксаран ҳадафҳои нопоки худро таҳти ниқоби дини мубини ислом роҳандозӣ мекунанд ба назари аҳли олам динро ҳамчун василаи ихтилофангезиву тахрибкорӣ муаррифӣ мекунанд. Дур намеравем, мушоҳида мекунем фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломиро. Аксари аъзову пайравони он ришдорону гӯё мардуми аҳли тақво. Чун дар симои онҳо менигарӣ аз ришҳои дарозашону гуфторашон, ки саропо муноҷот бо Худост, эҳсос мекунӣ, ки, ки ягон сӯфимашраб ва ё аҳли бузурги тақвоанд. Вақте аз амалҳои разилонаву манфураш огоҳ мешавӣ, пай мебарӣ, ки ин ришдор мусалмон нест, балки душмани дин аст.
Чун сароғози ҳамаи нишастҳову нақшабандиҳои фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо лафзи ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон оғоз мешавад, аммо дар идома нақшаву ниятҳои нопок, ки дар қалби онҳо нуҳуфтааст, тарҳрезӣ мегардад. Ё ин ки ба сифати мисол, ҳангоми расман дар Тоҷикистон фаъолият намудани ҳизби наҳзат дар сурати мушкилӣ пеш омадан ба аъзову пайравони он эшон бо овози баланд такбир гуфта, дар даст сангу дигар олот ба ҳамлаҳо нисбати дигар бародарони мусалмон мепардохтанд. Аз ҷумла вазъи иштироки наҳзатиёни гумроҳ зери сарпарастии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифи Тоҷикистон дар ҷанги шаҳрвандӣ ва истифодаи номи Худову Расул дар вақти қатлу хунрезӣ ва бедодгарӣ, шаҳодат аз истифодаи номи Худо дар забон ва бо қалб иҷро кардани амалҳои шайтонӣ буд.
Имрӯзҳо низ наҳзатиёни гумроҳ пас аз ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф гардидани ҳизби наҳзати ислом боз ҳам даст ба амалҳои нангин зада, барои ба ҳадаф расидан ва иҷрои нақшаву ниятҳои нопоки худ ва шайтонгариҳо аз номи дин сӯйистифода намуда истодаанд. Инро бояд ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос дарк намуда, дар амри мубориза бо чунин разилони бадандеши шайтонсифат саҳмгузорӣ намояд.
Фарҳод Воҳидов
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар