Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикисон бо Раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо
27-уми январи соли 2018 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо Раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо доктор Иброҳим Солеҳ ал-Наъимӣ баргузор шуд. Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ширкат варзид.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ифротгароӣ ва ғояҳои иртиҷоӣ, инчунин ташкил намудани чорабиниҳои муштараки илмию маърифатӣ оид ба мавзуъҳои ҳамзистии адён ва нақши арзишҳои динию фарҳангӣ дар пешрафти ҷомеа баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолиятҳои даҳшатангезу вайронгаронаи аҳзобу ҳаракатҳое, ки аз номи поки Ислом сӯистифода мекунанд ва суботу амнияти ҷомеаро ба хатар меандозанд, табодули назари судманд анҷом доданд.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


