Саидмукаррам Абдуқодирзода ба рӯзноманигорони турк: наҳзатиён аз некбиниҳои ҳукумат сӯистифода карданд
Санаи 31 январи соли 2018 дар шаҳри Истанбул мусоҳибаи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо хабарнигорони шабакаи давлатии телевизионии “ТРТ”, рӯзномаи бахши форсӣ ва туркии агентиии давлатии “Анадолу” ва хабарнигори бахши туркии рӯзномаи “Спутник” баргузор гардид.
Дар рафти мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо пешниҳоди рӯзноманигорони турк оид ба ҳамкориҳо миёни Шӯрои уламои Марказӣ исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диёнати Ҷумҳурии Туркия изҳори назар намуда, дар мавриди пешгирии амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ ва созмони Фатҳуллоҳ Гӯлен аз ҷониби мақомотҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод кард. Дар ин росто муфтии Тоҷикистон қайд намуд, ки гурӯҳи террористии наҳзат ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта, бо истифода аз номи Ислом зери пӯшиш, фаъолияти харобкориашро оғоз кард. Инчунин Абдуқодирзода тазаккур дод, ки дере нагузашта чеҳраи воқеии наҳзат ошкор гардид, ӯ изҳор намуд, ки аъзоёни созмони террористии мазкур, ки қаблан дар Афғонистон таълими низомӣ гирифта буданд, бо мақсади ғасби ҳукумати Тоҷикистон даст ба амалиёти мусаллаҳона заданд. Ҳамин тартиб, муфтӣ тазаккур дод, ки ҳаводорони созмони террористии назҳат миллати осоиштаи тоҷикро ба ҷанг кашида, дар натиҷа 150 ҳазор нафар мардуми шарифи Тоҷикистонро бераҳмона ба қатл расониданд.
Рӯзноманигорони турк аз амалҳои террористии наҳзат ба ҳайрат омода, суол карданд, ки чаро Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъдаи назҳат иҷозат доданд?
Дар ҷавоб С.Абдуқодирзода тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қатъ намудани ҷанг дар кишвар ба наҳзатиҳо иҷозат дод, ки фаъолиташонро дар доираи қонун ба роҳ монда, дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд. Муфтӣ таъкид намуд, ки муттассифона аъзоёни ташкилоти мазкур аз некбинии Ҳукумат сӯиистифода намуда, дубора ба мардуми шарифи Тоҷикистон хиёнат карданд. Қайд карда шуд, ки ҷонибдорони наҳзат сентябри соли 2015 ба табадулоти низомӣ даст заданд, ки хушбахтона ин маротиб халқи тоҷик саривақт ба онҳо ҷавоби зарурӣ доданд. Ба ҳамин тартиб, Раиси Шӯрои уламо таъкид намуд, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди миллати тоҷик наҳзатро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон намуд. Изҳор гардид, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд миёни мақомотҳои дахлдори Тоҷикистону Туркия фаъолияти душманонаи аъзоёни наҳзат дар қаламрави Туркия қатъ гадида, ҷонибдоронаш аз кишвар берун карда шуданд.
Дар анҷоми мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо пешниҳоди рӯзноманигорон дар мавриди вазъи имрӯзаи Қудс ва амалиёти низомии Туркия дар шаҳри Африни Сурия низ изҳори назар намуд.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар