“Анҷумани душманони тоҷик”
Ахиран аз сомонаҳои иттилоотӣ хабар расид, ки як гурӯҳи хоинони миллат ва ҷиноятпешагон, ки худ ватанфуруш ҳастанду лоиқи номи тоҷик нестанд, дар хориҷ созмони наве бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис додаанд. Дурустар мебуд, ки номи ин созмонро «Анҷумани душманони тоҷик» гӯем. Зеро бубинед, ташкилкунандагони ин гурӯҳ киҳо ҳастанд: Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Сайидюнус Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур ва Аюб Эгамов. Ҳамаи ин шахсиятҳои «озодандешро» мардуми мо бисёр хуб медонанд. Бо андешаҳои шайтонии худ, ин тоифаи гуреза мардуми тоҷикро қариб буд, ки ба нестӣ расонад. Бо андешаҳои нопоки ин дасисабозони дилсиёҳ барин шайтонҳои инсонсурат 150.000 мардуми бегуноҳи кишварамон кушта шуданд, анқариб як миллион одам тарки Ватан карданд ва ҳазорҳо хонаву ҳавлиҳо сӯхтаву валангор ва ба харобазор табдил ёфтанд.
Бубинед онҳое, ки чанд сол пеш дар бораи “давлати исломӣ” ҷар меандохтанд, имрӯз забони худро дигар карданд ва мардумро бо найранги иблисона мехоҳанд боз фирефта созанд. Онҳо мисли дурӯяҳо бо тарзи дигар сухан мегуянд ва “ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ (мардумсолорӣ) дар ҷомеа ва ҳифзи чеҳраи дунявият дар сохтори сиёсии Тоҷикистон”-ро ҳадафҳои созмони худ эълон менамоянд. Имрӯз онҳо ба ҷои “хилофат” ва “давлати исломӣ” калимаҳои “демукросӣ” ва “дунявият”-ро ба кор мебаранд. Акнун мехоҳанд бо ин ибораҳои болозикр ҷавонон ва мардуми тоҷикро гумроҳ намуда, ба ҳадафу мақсадҳои шумӣ худ бирасанд. Чӣ хеле, ки дар масали машҳур омадааст, “тушбераро хом шумурдаанд”.
Тайи ин солҳо чи касон будани ин ашхос ба ҳама маълум гардид ва мардуми сулҳандеша ва сулҳофарини тоҷик дигар ба макру фиреби онҳо дода намешавад.
Мо кишвари худро осоишта ва гул-гул шукуфон мебинем. Сарвари одил ва дурандеш дорем, ки то имрӯз ҷонфидоёна ғами халқи тоҷикро шабу рӯз мехӯрад ва шукронаи он менамоем, ки рӯз ба рӯз қуллаҳои баланди ҳаёти шоистаро фатҳ намуда истодаем.
Ибодулло Калонзода,
имомхатиби масҷиди ҷомеи “Нури ислом”-и ш. Хуҷанд
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар