Муроҷиатномаи Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳаҷраванда
Раёсати фатвои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба поку беолоиш анҷом гирифтани фаризаи ҳаҷ ба шаҳрвандони кишвар чунин муроҷиат менамояд:
ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи Ислом буда дорои шароити хос мебошад. Аз ҷумлаи ин шароит тавоноӣ ва имконоти молии шахси ба ҳаҷраванда мебошад. Дини мубини Ислом дастур медиҳад, ки мусулмонон тамоми корҳо ва ибодатҳояшонро холисона анҷом диҳанд. Аз ин рў касоне, ки нияти сафари муборак доранд, бояд барои чунин сафари бузург маънаван омода бошанд. Ба худ савол диҳанд, ки оё барои адои ин амали муқаддас тайёранд? Зеро баъзеҳо ҳангоми адои маносики ҳаҷ аз ҷиҳати надоштани маърифати комил ба нуқсонҳо рў ба рў мешаванд. Пеш аз ҳама ихлосу эътиқод бояд дар ҷои аввал истад. Сипас, тағйири нафс, тавбаю истиғфор аз гуноҳҳои гузашта, соф кардани қарз, покии қалб барои ҳоҷиён зарур аст! Доштани зоду роҳила, яъне маблағи хароҷоти сафар аз шартҳои асосии ҳаҷ мебошад. Баъзеҳо бо қарз ё бо фурўхтани ашёи зарурии зиндагӣ ба мисли хонаву манзил ба ҳаҷ мераванд, дар ҳоле, ки мувофиқи аҳкоми шариат ба ин гуна ашхос ҳаҷ фарз намебошад ва шариати Ислом чунин шахсонро ба рафтан ба ҳаҷ бо чунин ҳолат мукаллаф намегардонад.
Саломатӣ низ барои иҷрои амали ҳаҷ хеле муҳим буда, бемороне, ки қудрати сафар надоранд, бар онҳо адои ин фариза воҷиб нест.
қобили зикр аст, ки ин фаризаи Илоҳӣ бар ҳар мусалмони мукааллаф ва дорои шароити молӣ дар умр як бор фарз аст ва такроран анҷом додани он аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ибодати нофила ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир ба шаҳрвандоне, ки як бор ин фаризаи Илоҳиро ба ҷо овардаанд, муроҷиат мекунем, ки он маблағеро, ки барои адои такрории ин ибодати нофила омода кардаанд, дар амалҳои хайр ба мисли кўмак ба ятимону бепарасторон ва маъюбон, бунёд кардани бунгоҳҳои тиббӣ, баровардани об ва таъмири роҳҳои ҷамъиятӣ сарф кунанд, зеро ин амалҳо низ дар дини мубини Ислом савоби беандоза дошта, ба анҷомдиҳандаи он аҷру подоши бепоён мерасад.
Мо умеди онро дорем, ки шахсони ба ҳаҷраванда ин тавсияҳоро ба назар мегиранд ва дар рушду шукуфоии кишвари азизамон саҳми худро мегузоранд.
Раёсати фатвои Маркази исломӣ
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар