Оқилон бо тахмину гумон сухан нагӯянд…
Оқилон бо тахмину гумон сухан нагӯянд…
«Ҷавоб ба Паёми Оятулло Макорими Шерозӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Оятулло Макорими Шерозӣ такя ба манбаҳои муғризонаи баъзе васоити ахбор карда, хизматҳои Сарвари кишвари Тоҷикистонро нодида гирифтааст. Ба ҳамаи мардуми олам ба хусус мардуми сарбаланди тоҷик маълум аст, ки Президент баъди ба болои кор омаданаш дар шароити бисёр ҳассос ва хатарнок аз худ гузаштагӣ нишон дода, барои сарҷамъ кардани миллат заҳматҳои зиёд кашидааст. Сарвари тоҷикон барои сулҳу субот ва баланд бардоштани маърифати динии мардум бо кӯмаки Парвардигор роҳҳои ҳалли онро фароҳам сохтааст. Аз ҷумла фаъол будани Донишкадаи исломӣ, гиназияи исломӣ барои наврасон, тарҷумаи Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳи Бухорӣ бо забони тоҷикӣ ва пешниҳоди ройгони онҳо ба тамоми оммаи мардум, ки барои баланд бардоштани сатҳи динии мардум таъсиргузоранд. Илова бар ин тамоми мусулмонони олам огаҳӣ доранд, ки нахустин бор дар олами Ислом аз тарафи Сарвари тоҷикон бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам ҷашн гирифта шуд, инчунин тамоми асарҳои Имоми аъзам ва мазҳаби ҳанафӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, имрӯз дастрасӣ ҳар як соҳибмазҳаб мебошад.
Дар кишвари тоҷикон фаъол будани беш аз 4000 масҷиди панҷвақта ва ҷомеъин нишонаи озодии дин ва ислом дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бояд тазакур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар асоси санадҳои зерин қабул гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асои он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини Ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон». Ин ҳам бошад гувоҳ бар адолат ва хайрхоҳии Сарвари тоҷикон нисбат ба дини хеш мебошад. Ҳануз 8-уми сентябри соли 1996 дар маҷлиси ботантана бахшида ба рӯзи Истиқлолият Президенти кишвар гуфта буд: «Мо ба дини мубини Ислом, чун ба як сарчашмаи покизаи маънавию рӯҳонӣ ва ахлоқи эҳтиром мегузорем. Ба ибораи дигар, ислом рукни муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мост». Сарвари тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ пуштибони хешро нисбат ба ислом доимо эълон мекунад, ки онро нодида гирифтан худ як инкори воқеият аст.
Аз ин хотир аз ҷаноби Оятулло Шерозӣ тақозо карда мешавад, ки ба ҳар ахбори бе асос такя нанамояд, зеро аз қадиммулаём мардуми Тоҷик бо мардуми Эрон робитаҳои фарҳангию иқтисодӣ ва сиёсии хуб доранд. Дар мардуми тоҷик мақоле ҳаст, ки ба умеди кайк пустинро оташ назанед. Зеро як сухани ноҷо метавонад, дӯстро душман гардонад. Чи хеле ки Худованд дар Қуръони азимушаъни худ мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед! Агар фосиқе бароятон хабаре овард (нисбат ба сиҳати хабар), таҳқиқ кунед, то мабодо аз рӯи нодонӣ қавмеро осеб бирасонед ва (баъд) аз он чӣ кардаед, пушаймон шавед». (Ҳуҷурот, ояти 6). То ба имрӯз ягон хоҳари тоҷик оиди кашидани рӯсарии ӯ аз ҷониби ягон мақомотҳо ба Маркази исломӣ муроҷиат накардааст. Дуруст аст, ки Сарвари Давлати тоҷикон либоси сиёҳи якрангро дар назар доштанд, на либоси исломие, ки зиёда аз 1000 сол модарони тоҷик дар бар доштанд. Инчунин аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон оиди манъи сатри исломӣ ягон қонун қабул нагардидааст. Овозаҳое, ки баъзе васоити ахбор нисбати ин қазия паҳн мекунанд муғризона буда, аз оромиш ва сулҳу суботи ин кишвар ҳасад мебаранд.
Мусалмонони Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Сарварашон розӣ буда, дар намозҳои худ дар ҳаққи ин абармард дуои хайр мекунанд.
Дар охир аз Худованди бузург талаб мекунем, ки дилҳои бандагони мусалмонашро бо ҳам дӯсту наздик бигардонад, ва динашро ба сабаби онҳо дар саросари олам пирӯз бигардонад. Омин!
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар