Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон
Имрӯз соати 09.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.
Нахуст дар назди уламои кишвар, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати омад-омади моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфт.
Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рўзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи ҳисобҳои илмӣ ва хулосаи пешниҳоднамудаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳо имсол оғози моҳи Рамазон дар кишвар ба рўзи 17-уми май рост меояд.
Пас аз муҳокима ва баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:
- Моҳи мубораки Рамазон дар кишварамон рӯзи 17-уми майи соли 2018 муайян карда шавад.
- Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20400 сомонӣ муқаррар шавад, ки аз он 510 сомонӣ закот пардохт мешавад.
- Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 5 сомонӣ муқаррар шавад.
- Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2018 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.
Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар