Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди Рамазон
Имрӯз соати 10.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.
Нахуст дар назди уламои кишвар, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати даҳаи мубораки Рамазон ва омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт.
Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рўзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар кишвар ба рўзи 15-уми июн рост меояд.
Пас аз баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор қабул карданд:
- Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи ҷумъа 15-уми июни соли 2018 таҷлил карда шавад.
- Вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6-00 дақиқа муайян карда шавад.
Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


