Мусоидати ходимони дини Шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии кӯчаҳо
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи дастурҳои дахлдори роҳбарияти шаҳри Бӯстон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагиҳо бахшида ба омодагиҳои сазовор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ходимони дин ва намозгузорони масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам дар шаҳри Бӯстон иқдом гирифтанд, ки бо такя ба арзишҳои дини мубини ислом кӯчаеро ба таъмири куллӣ фаро гиранд.
Бо ин мақсад дирӯз, 16-уми сентябр бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон, ходимони дин, намозгузорон ва аҳолии маҳалла корҳои мумфаршкунии роҳҳои маҳаллаи Ғалаба оғоз гардид.
Тибқи иттилои имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр ходимони дин тасмим гирифтанд, ки дар доираи дар қаламрави вилоят эълон гардидани 1300 Рӯзи ободониву созандагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар азиз марҳила ба марҳила дар таъмири роҳҳои шаҳр ва дигар корҳои ободониву созандагиҳо саҳм гузоранд.
Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Бӯстон Боқӣ Қудратов ташаббуси навбатии ходимони дин ва намозгузоронро муфид арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур саривақтӣ буда, ҳамчун садақаи ҷория маҳсуб мешавад.
Дигар хабарҳо
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


