Оғози курсҳои омӯзишӣ барои ходимони дин
11-уми феврал дар Маркази исломии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ барои ходимони дини кишвар ба кори худ оғоз намуд. Дар марҳилаи аввал 72 ходими дини шаҳри Душанбе ба ин курси ҳафтрӯзаи омӯзишӣ ҷалб гардиданд. Дар курсҳои омӯзишӣ мутахассисони Кумитаи дин, танзими анана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва Маркази исломии Тоҷикистон доир ба мавзӯҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳуқуқҳу озодиҳои динии шаҳрвандон, аҳаммияти китоби “Фиқҳи акбар” ва “Васиятнома”-и Имоми Аъзам, таҳаммулпазирии ва ҳамзистии осоиштаи адён, танзими анъана ва ҷашну маросим, мазҳаби ҳанафӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷомеа, дарстовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи дин, арзиши оила аз нигоҳи ислом, садақа ва таъиноти иҷтимоии он аз назари ислом, пешгирӣ аз зӯроварию хушунат дар оила, танзими ҳуқуқии фаъолияти низомномавии иттиҳодияҳои динӣ ва дигар масоили ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа маърӯза ва бо ходимони дин табодули назар намуданд.
Баргузории курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби ходимони дини дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ дар назар дошта шудааст.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


