Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбонро муайян кард.
Имрӯз дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.
Нахуст дар назди уламои кишвар, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода баромад намуда, аҳли нишастро ба муносибати даромадани моҳи Зулҳиҷҷа ва фарорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфт.
Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ Иди Қурбон дар кишвар ба рӯзи 24-уми сентябр рост меояд.
Баъдан мавсуф аз ҳодисаҳои рӯзҳои охир ёдовар шуда, иброз дошт, ки сулҳу оромӣ бузургтарин неъмат аст ва рӯйдодҳое, ки дар олами Ислом шуда истодааст, моро водор месозад, ки ба қадри ин неъмати бузург бирасем.
Сипас аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:
Иди Қурбон рӯзи 24-уми сентябри соли 2015 таҷлил карда шавад.
Вақти баргузоршавии намози иди Қурбон дар қаламрави кишвар соати 7.00 муайян карда шавад.
Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи илмомӯзии наврасону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.
Шӯрои уламо дар ин нишасти худ бори дигар амалҳои хиёнаткоронаи гурӯҳи ҷинояткор бо роҳбарии Абдуҳалим Назарзода бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалимро маҳкум намуда, ҳамагонро даъват намуданд, ки барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуб, ки оромии кишварро халалдор месозад, саъю талоши худро дареғ надоранд.
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи миллату кишвар ҳусни хотима ёфт.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар