Home News Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)
2019-11-07
335

Чунонки маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъи кишвар баргузор мегардад. Вобаста ба ин рўйдоди фархунда Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 31-уми октябри соли 2019 қарори дахлдор қабул намуданд.

“Ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 8-уми ноябри соли 2019 бе додани таом қайд карда шуда, баъди анҷоми ҷашни мавлуд ба Маркази исломӣ ҳисоботи хаттӣ пешниҳод карда шавад”.

Қобили зикр аст, ки мавлуди Расули Худо (с) яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии аҳли башар ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид.

Раёсати Шўрои уламо кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.

Pray time in Dushanbe

06.12.2019

More
Fajr05:51
Zuhr12:40
Asr15:04
Maghrib17:12
Isha18:42
Speeches by the President
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

More