ҚАРОРИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР БОРАИ РЎЗИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки рўзи 21-уми июл баргузор гардид. дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди қурбон қарор қабул кард.
Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди қурбон табрику таҳният гуфтанд. Раиси Маркази исломӣ қайд карданд, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди қурбон дар кишвар ба рўзи 31-уми июл рост меояд.
Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:
- Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи ҷумъа 31-уми июл таҷлил карда шавад.
- Вобаста ба шароити пешомада, ки аз ихтиёри мо берун аст, ҳар як намозгузор дар вақти намози ид дар манзили худ ба зикру ниёиш ва дуруду дуо машғул шавад.
- Ба тамоми саховатмандон ва он нафароне, ки имконияти қурбонӣ кардан доранд, тавсия дода мешавад, ки дар рўзҳои ид ба хотири дастгирӣ ва шод намудани афроди ниёзманд аз қабили ятимону бепарасторон ва маъюбону пиронсолон кумаки худро дареғ надоранд.
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


