Асосӣ Мақолаҳо Сарфакории об – амали инсониву исломӣ

Сарфакории об – амали инсониву исломӣ

Сарфакории об – амали инсониву исломӣ
2020-01-15
1837

Афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нўшокии бехатар ба офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад.

        Ҳаёти мавҷудоти зиндаро бе об тасаввур кардан ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, мардум дар ҳар давру замон шаҳрҳоро маҳз дар соҳили дарёҳо ё баҳрҳо месохтанд. Аз қадим мардум баъзе аз рӯду чашмаҳоро муқаддас медонанд.

        Чунончи мусалмонон чашмаи «Замзам»-ро шифобахшу табаррук медонанд. Ҳиндуҳо бошанд, дарёи Гангаро, насрониҳо дарёеро, ки дар Урдун аст, муқаддас медонанд.

          Аз чаҳор унсури ҳаётбахши табиат об, бешак асоситарин ва қиматтарин неъмати Худовандист. Об натанҳо асоси мавҷудияти сайёраи Замин, балки асоси ҳастии инсон мебошад. Фарзандони Одаму Ҳавво маҳз аз оби ҳаётбахш аз пушти падар дар раҳми модар ҳаст шудаанд.

          Инсон бояд қадру қимати обро бидонад. Барои ин бояд муқаддас будани обро дарк кунем ва бидонем,ки онро кӣ ба мо ато кардааст.

     «Ва аз осмон оби покро фуруд овардем то ба он шаҳрҳои мурдаро зинда созем ва то ончи аз чаҳорпоёну мардумони бисёре, ки офаридаем, биошомонем» (Фурқон: 48-49).

       Вақте инсон ба дунё меояд, чил рӯз нашуда ӯро ғусл медиҳанд. Минбаъд ҳамеша барои покизагии бадану либос ва хӯроку пӯшоки ӯ ба об эҳтиёҷ пайдо мешавад. Ҳатто чун Худоро ибодат карданӣ шавад, аввал таҳорат месозад, яъне худро бо об пок мекунад. Чунки Паёмбар (с) фармуданд: Покизагӣ нисфи имон аст. Ниҳоят дар лаҳзаҳои охирини умри инсон  ба ҳалқи ӯ об мечаконанд ва пеш аз супоридан ба хок ӯро ғусл медиҳанд.

         Об махлуқи зиндаест, ки хабарҳоро ба худ қабул мекунад. Дар ин мавзуъ олими рус Зенин С.В. таҳқиқоте бурда, як сирри ин неъмати зиндагисозро кушод ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Муаллиф исбот намуд, ки дар вуҷуди об ҳудуди 44000 лавҳачаҳои қабули ахбор мавҷуд аст, ки онҳо монанди тори аъсоби махсус ба таъсирҳои гуногуни муҳит таваҷҷуҳ намуда, дар навбати худ онҳоро дарк карда, инчунин вокуниш низ нишон медиҳанд. Олими ҷопонӣ ба се қадаҳ об гирифта, якеро танқиду таҳдид ва дашном медиҳад, дигареро ситоишу васф мекунад ва ба сеюмӣ таваҷҷуҳ намекунад. Дар натиҷа, аввалӣ мегандад, дувумӣ мусаффо мешавад ва севумӣ тира мешавад.

                   «Бихўред ва биошомед, вале исроф накунед»  (Аъроф: 31)

      Паёмбар фармуд: «Агар дар канори рӯди ҷорӣ ҳам қарор дорӣ, исроф макун».

   Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки агар аз ҷумаки об дар як сония як қатра об бичакад, пас дар зарфи як сол ин рақам 10000 литрро ташкил медиҳад. Маънои “қатра-қатра љамъ шавад, дарё шавад” ин аст. Ё ин ки аз лӯлаи оби сурохиаш баробари нўги сўзан дар як шабонарӯз 840 литр об беҳуда ҷорӣ мешавад.

        Мавлоно Шарофуддини Бухорӣ фармуданд:

                                            Макун исроф мои маҷҷонӣ,

                                           Чун «ва ло тусрифу!» ҳамехонӣ.

      Шахсе, ки аз ҷӯй об нўшида, бо оби он зироатҳоро обёрӣ намуда, сару либос шӯяду боз хокрўбаву хокистарро ба об резад, ў носипос аст. Асадии Тӯсӣ дар ин бора мегӯяд:

                                          Зи ҷӯе,ки хӯрдӣ аз он оби пок,

                                          Нашояд фиканд дар ў сангу хок.

        Ниёгонамон дар бораи об шеърҳои зиёде навиштаанд. Чунончи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфтааст:

                                           Чу бошад обҳо нонҳо бирӯянд,

                                           Вале ҳаргиз наруст, эй ҷон, зи нон об.

        Ва Соиб мефармояд:

                                          Маро зи пири харобот нуктае ёд аст,

                                          Ки ғайри олами об он чи ҳаст, барбод аст.

   Зарур аст, ки насли ояндаро барои сарфаҷӯӣ намудан дар истифодаи об ва исроф накардани он таълим диҳем. Ончунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон гуфтанд: «Кишвари мо солҳои зиёд дар самти ҳалли яке аз масъалаҳои глобалӣ, яъне об ба сифати ташаббускор ва пешсафу фаъол дар ҷаҳон шинохта шудааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки моҳият ва аҳамияти ин иқдомро ҳамаҷониба тарғиб намоем».

Мутаваллӣ Маҳмадов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи «Домулло-Шоҳ»-и н. И.Сомонӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар