Асосӣ Мақолаҳо Баъзе вижагиҳои мерос дар Ислом

Баъзе вижагиҳои мерос дар Ислом

Баъзе вижагиҳои мерос дар Ислом
2020-01-25
92

       Илми мерос маҷмӯаи қоидаҳои ҳуқуқӣ ва риёзиест, ки тавассути онҳо саҳми ҳар як ворис аз моли тарака дониста мешавад. Соҳиби “Дурру-л-мухтор” илми меросро чунин таъриф кардаст: “Маърифати усули фиқҳ ва риёзист, ки он саҳм ва ҳуқуқӣ ҳар як меросбарро аз тарака муайян мекунад”.
Баъзеҳо онро чунин тариф кардаанд: “Маърифати усули фиқҳ ва риёзиест, ки тавассути он ду чизе, ки ба соҳибони ҳақ аз тарика тааллуқ дорад, дониста мешавад". Ин таъриф аз таърифи собииқ васеътар аст, зеро ба таракаи майит ғайр аз ҳаққи ворисон, ҳаққи васиятшудагон ва инчунин соҳибони қарз низ тааллуқ мегирад.

      Илми меросро илми фароиз низ меноманд. Фароиз ҷамъи фариза аст, ки он аз масдари фарз гирифта шудааст ва ба маънои тақдир (муайян ва мушахас намудани саҳм, ҳисса ва миқдор) мебошад. Дар фароиз саҳму ҳиссаи ҳар ворис муқаррар ва муқаддар карда шудааст.

      Илми меросро аз он ҷиҳат фариза мегӯянд, ки Худованд (ҷ) онро дар Қуръон илми фароиз номидаанд. Зеро баъд аз баёни саҳму ҳисаҳо чунин омадааст: “فَرِيضَةً مِنَ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا

      “Саҳму ҳиссаҳои муайян карда шуда аз ҷониби Худованд”.
      Инчунин Расули акрам (с) дар ҳадиси худ илми меросро фароиз номидааст ва дар мақоми ташвиқ ба хондани он ӯ чунин гуфтааст: “Фароизро биомӯзед”.
Мавзӯи илми мерос баёни тартиби ҷойгиршавии ворисон ва чигунагии тақсими тарика миёни соҳибони ҳақ мебошад, ки он баъд аз маърифати миқдори саҳмҳо сурат мегирад. Бинобар ин ҷойгоҳи ин илм дар фиқҳи исломӣ хеле бузург аст. Ҳатто онро нисфи илм гуфтаанд, зеро агар тамоми муомилоти инсон ба ҳаёти ӯ вобаста бошанд ва онҳоро илмҳои дигар танзим кунанд, пас илми фароиз ба ҳолати баъд аз марги ӯ тааллуқ дорад ва ҳолати мазкурро танзим мекунад.
Фоидаи илми фароиз аз он иборат аст, ки донандаи ин илм метавонад тарикаро бар ваҷҳи дуруст дар миёни соҳибони ҳақ тақсим кунад. Олими ҳамин соҳаро дар истилоҳи фиқҳ фароизӣ меноманд.

Усул ва таълимоти пешбининамудаи ислом барои тақсими моли мерос ва интиқоли моликият бо фалсафа ва эътибороте тазмин шудааст, ки ихтисоран ба чанд вижагии он ишора мекунем:
Эътидол ва миёнаравӣ. Ислом дар тақсими мерос равиши миёнаеро баргузидааст, ки дар он тамоми ҳуқуқҳои моликияти шахсӣ ба эътибор гирифта шуда ва дар айни ҳол тавозуни саҳми ворисон бар асоси наздикии қаробат ва бо назардошти ниёз ба дурнамои зиндагӣ риоя шудааст.
Адолат. Ислом бо муайян кардани саҳми тамоми ворисон, ки дар байни онҳо дар баробари бузургу тавоно ҳатман хурду заъиф ва нотавон ҳам вуҷуд дорад, адолати иҷтимоиро ба иҷро гузоштааст.
Ҳамсозӣ бо фитрати инсон. Ба хотири арҷ ниҳодан ба заҳматҳое, ки он шахс дар тӯли ҳаёташ барои касби мол кашида ва барои осудагии хотир ва оромиши руҳаш ҳам ҳаққи васият дар сулс1/3 си молро ба вай дода ва ҳам таъмини ҳифз ва амният сармояашро пас аз марг бо низоми интиқоли он ба ворисонаш барояш кафолат додааст, зеро инсон фитратан аз заъфу нотавонӣ ва дастнигар шудани фарзандонаш пас аз марги ӯ сахт нигарон аст ва тазмини интиқоли солими молу сармояаш ба онҳо қалбаш ором мегардад.
Тағйирнопазир ва илзомӣ будани қонуни мерос. Низоми мерос дар ислом қонуни куллӣ, тағйирнопазир ва тамоми бандҳои он лозимулиҷрост. Касе пас аз тағйири авзоъи иҷтимоӣ ва дигаршавии мазоҳири зиндагӣ ба он тағйиру дигаргунӣ ва каму зиёдатӣ ворид карда ва ё ҳеҷ банде аз онро бекор карда наметавонад.
Ҳифзи ҳамбастагӣ ва таҳкими бунёди хонавода. Ислом бо ҷой додани падару модар, зану шавҳар, фарзандон, бародарон ва амакҳо дар радифи меросбарон асбоби таҳкими бунёди хонаводаро фароҳам оварда ва дар ин кор ниёзи фитрии инсон ба хешовандон, пайвандҳои отифӣ бо онҳо ва басти муҳаббати дилҳоро таъмин намудааст.
Муҳкам будани қонуни мерос. Дар қонуни мероси ислом ирс ба ду мабно: фарз ва таъсиб муайян гардидааст, ки саҳми сохибони фарзхо ба ҳисаҳои дақиқе: нисф, аз се ду, се як, чор як ва ғайра муайян карда шудааст ва ин амр аз ҳаргуна духарагӣ ва ношаффофӣ дар вожаҳои қонун ва шарҳи он ҷилавгирӣ мекунад ва пеши роҳи суи истифода аз онро, чуноне, ки дар қавонини гуногуни кишварҳо вуҷуд дорад, мегирад.
Низоми одилона. Ислом бо назардошти фалсафаи хос ва пешбинии эътибороти дақиқе дар қонуни мерос ва таъйини саҳми тамоми ворисон дар умум низоми одилонаи молӣ ва ҳамбастагии иҷтимоиро дар байни ақшори мухталифи ҷомеа ба вуҷуд овардааст. Вақте занро дар моли мерос нисфи мард ва ё як мардро баробари ду зан ҳақдодааст, ин бо назардошти масулиятҳои иҷтимоие буда, ки ду баробар бештар ба дӯши мард ҳастанд. Аз сӯи дигар, бартарии мард бар зан дар саҳми моли мерос амри нисбӣ ва борои мавридҳои муайяне пешбинӣ шудааст. Дар он мавридҳои дигаре ҳам вуҷуд доранд, ки зан боробари мард ва ё бештар аз он мерос мебарад.


Шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

Маркази исломшиносӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:35
Пешин12:40
Аср15:57
Шом18:15
Хуфтан19:45
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар