Асосӣ Мақолаҳо САФСАТАҲОИ НАВИ РОҲБАРИ НАҲЗАТ

САФСАТАҲОИ НАВИ РОҲБАРИ НАҲЗАТ

САФСАТАҲОИ НАВИ РОҲБАРИ НАҲЗАТ
2020-03-21
1632

Мутаасифона то ҳол дар олам бадхоҳоне ба мисли Кабириҳо ҳастанд, ки барои расидан ба манфиатҳои ғаразноки худ ба мардуми ватани худашон ҳам парвое надоранд. Барои чунин бадтинатон фақат манфиати худашон муҳим асту халос. Ин ҷо гап дар бораи роҳбари фирории ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИ Кабирӣ меравад, ки солхост нашармида зери каноти хочагонаш мисли каждум ба тарафи Хукумати Точикистон неш мезанад.

Кабирӣ мехоҳад бо ин нешзанихояш мардумро гумроҳ намуда, вазъияти кишварро ноором созад ва ҳолати солҳои аввали 90-умро такроран ба миён оварда, дар фурсати муносиб қудрати сиёсиро ба даст гирад. Хушбахтона, давлат ва мардуми Тоҷикистон сари вақт аз амалҳои палидонаи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш огоҳ шуда, пеши роҳи ӯро гирифтанд. Сохторҳои қудратию давлатии кишвар бо такя ба мардуми шарифи Тоҷикистон тамоми ҷиноятҳои саркардагони ТЭТ ҲНИ –ро фошу исбот намуда, фаъолияти онро қатъ намуданд. Дар роҳи таъмини амнияти комили Тоҷикистон ин амал, ки ба рушди ояндаи кишварамон дар тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад, як қадами устуворе буд.
Аммо Кабирӣ ба хотири манфиатҳои молӣ ва розӣ кардани хоҷагони хориҷиаш то андозае аз одамгарию адлу инсоф ва раҳму шафқат дур рафтааст, ки то хол берун аз кишвар дар шабакахои ичтимои ба сафсатагуию буҳтону суханхои кабех нисбати хукумату мардуми Тоҷикистонро давом дода истодааст.

Аммо аз он бехабар аст, ки он руз дер нест, ки ҳукуматдорони Аврупо аз ин бадхоҳони зарарасон дилгир шуда, онхоро ба дасти тоҷикистониён месупорад.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

ходими дин

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар