Асосӣ Мақолаҳо Фазилат ва аҳкоми қурбонӣ

Фазилат ва аҳкоми қурбонӣ

Фазилат ва аҳкоми қурбонӣ
2020-07-22
159

Бояд бидонем, ки Иди Қурбон яке аз рӯзҳои бузург дар дини мубини Ислом буда, мусалмонон дар ин рӯз барои наздик шудан ба даргоҳи Худованди таборак ва таъоло қурбонӣ мекунанд.

қурбонӣ як ибодати муҳим ва яке аз шиорҳои Ислом аст, ки решаи таърихии он ба замони Одам (а) бармегардад ва дар замони ҳар як пайѓамбар муқаддас будааст. Аз рўзгори Одам (а) то замони Иброҳим (а) қурбонӣ шартҳои хосси худро доштааст. Онҳо қурбонӣ мекарданд. Вале наметавонистанд аз гўшти он бихўранд, балки мунтазир мемонданд, то оташе аз осмон фуруд меомад ва онро месўхт. Чунонки Худованди Мутаъол аз қурбонӣ намудани фарзандони Одам (а) хабар медиҳад: «Достони фарзандони Одамро, ки ҳақ аст, барояшон бихон, ки чун (қобил ва ҳобил) қурбонӣ карданд, қурбонии яке аз онҳо (ҳобил) пазируфта шуд ва аз дигаре (қобил) пазируфта нашуд». (Сураи «Моида», ояти 27)

Аз Зайд ибни Арқам (р) ривоят шудааст, ки асҳоби Расулуллоҳ (с) аз он ҳазрат (с) пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ (с), ин қурбониҳо чист?» Фармуданд: «Суннати падари шумо Иброҳим (а) аст». Гуфтанд: Пас чӣ суде барои мо дорад? Фармуданд: «Дар баробари ҳар тори пашм ва мўи он як ҳасана барои шумо дода мешавад». (Ривоти Байҳақӣ)

Инчунин аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Рўзи ид фарзанди Одам ҳеҷ амале маҳбубтар аз рехтани хуни қурбонӣ дар назди Худованд анҷом надодааст. ҳайвони қурбонӣ рўзи қиёмат бо шоху пашм ва мўю суми худ дар паллаи ҳасаноти соҳиби худ қарор мегирад ва хуни қурбонӣ қабл аз ин ки бар замин бирезад, мақбули Худованд мегардад. Пас аз самими қалб ҳайвони хуберо қурбонӣ кунед». (Ривояти Байҳақӣ)

Шароити қурбонӣ

қурбонӣ бар шахсони мусулмон ва озоду муқиме, ки дар айёми ид ѓанӣ ва сарватманд бошанд, назди Имоми Аъзам (р) воҷиб аст. Аммо назди Имом Шофеъӣ ва Имом Абўюсуф суннати муаккада аст.

Касоне, ки ѓайр аз ниёзҳои зарурии худ мисли манзили маскунӣ, рахт ва ҷиҳози хона, васоили саворӣ боз соҳибнисоб ҳам бошанд, қурбонӣ барояшон воҷиб мегардад, фарқе надорад, ки ашхоси сарватманд шаҳрӣ бошанд ё рустоӣ. Дар тамоми шартҳои боло зану мард баробаранд.

қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Тибқи қарори Шўрои уламо нисоби закот ба 21000 сомонӣ баробар мебошад. Мавсими қурбонӣ дар рўзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа аст. Агар дар ѓайри ин рўзҳо қурбонӣ карда натавонист, дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале макрўҳ аст (яъне хуб нест).

 Дар рўзи 12-уми Зулҳиҷҷа то замоне ки офтоб ѓуруб накарда бошад, қурбонӣ ҷоиз аст. Пас аз ѓуруб дигар ҷоиз намегардад.

Кадом ҳайвонеро бояд қурбонӣ намуд?

Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгўшти аҳлӣ (хонагӣ) барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гўсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

Агар гов ё шутуреро то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Аммо беҳтар он аст, ки пеш аз харидан нияти шарик шудан кунанд. Нияти касоне, ки бо ҳам шарик шуда қурбонӣ мекунанд, бояд ризои Худои таъоло бошад. Агар яке аз шарикон ба хотири гўшт хўрдан шарик шавад ва нияташ қурбонӣ набошад, ё яке аз шарикон мусулмон набошад ва дигарон дониста ўро шарики худ интихоб намуданд, қурбонии ҳама ҷоиз намешавад.

Гўшти қурбониеро, ки чанд нафар якҷоя шариканд, бояд одилона ва бо тарозу тақсим намоянд, зеро тахминӣ тақсим намудан ҷоиз нест, магар бо ҳамроҳии каллаву поча бошад ҷоиз аст. ҳайвони қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Синни буз ва гўсфанд на камтар аз як сол бошад, аммо барраи шашмоҳа ба шарте, ки бинанда аз яксола фарқаш накунад ва ҷуссаи қавӣ дошта бошад, ҷоиз аст.

Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Дар рўзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кўмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ўст.

Худованд ба ҳамагон тавфиқи аъмоли нек насибу рўзӣ гардонад. Омин!

ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатво

Омузгори калони ДИТ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:04
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:28
Хуфтан20:58
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар