Асосӣ Мақолаҳо Covid – 19. Ҳанӯз вақти фориғболӣ нест!

Covid – 19. Ҳанӯз вақти фориғболӣ нест!

Covid – 19. Ҳанӯз вақти фориғболӣ нест!
2020-07-22
136

Беш аз шаш моҳ инҷониб қариб тамоми кишварҳои ҷаҳон ба бемории марговари инсоният COVID-19, ки ҷони ҳазорҳо одамро рабуда, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ миллиардҳо доллари ИМА хисорот ворид кардааст, муборизаи беамон мебаранд. Барои пешгирӣ  аз паҳн нагардидани ин беморӣ ва таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ чораҳои муассир меандешанд. Мутаассифона, то имрӯз абарқудратҳо низ ваксинаеро пайдо накардаанд, ки пеши роҳи онро гирад.

             Чанд моҳ қабл олимон ва мутахассисони соҳа аз кишварҳои мухталиф пешгӯӣ карда буданд, ки бо фаро расидани гармӣ ва фасли тобистон ин беморӣ аз байн меравад. Гарчанде маргу мир ва сироят дар аксар кишварҳо коҳиш ёфта бошад ҳам, вале боз авҷ гирифтани беморӣ дар баъзе мамлакатҳо чун Амрико, Ҳиндустон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ин пешгӯиро зери суол мебарад. Аксари коршиносон омилҳои авҷи бемориро дар Амрико ба гирдиҳамоиҳои бетартибона ва риоя накардани қоидаҳои гигенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ марбут медонанд. Мусаллам аст, он кишварҳое  чун Корея, Япония, Чин ва дигар давлатҳо, ки мардум қоидаҳои зиддиэпидемикиро то ҳол дар давраи пандемия ба хубӣ риоя мекунанд, сирояту фавт ва зарар бамаротиб камтар ба мушоҳида мерасад.

             Чунон ки ҳамагон огаҳанд, ҳанӯз аз 22 марти соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус COVID-19, ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро ҳатмӣ намуд. Аз ин рӯ, бо мақсади  бартараф намудани пайомадҳои таъсири манфии бемории сироятии COVID -19 ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки аз 7 июли соли равон  мавриди амал қарор гирифт.

             Тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда, минбаъд «барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан, ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад».
Дар робита ба ин хонандагон аз рӯзнома хоҳиш кардаанд, ки  мафҳуми «талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ» - ро шарҳ диҳанд.

              Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 24 июни соли 2020 бо қарори сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастур оид ба тартиби истифодабарии ниқобҳо, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ ва фосилаи байни якдигар (таъйиноти муваққатӣ)» тасдиқ  ва барои андешидани чораҳои қатъии профилактикӣ ва зиддиэпидемикӣ пешбинӣ шуд.  Дастур ва қоидаҳои зикргардида  барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад, ки бархе аз онҳоро ба таваҷҷуҳи хонандагон мерасонем.

               Шахси солим дар ҳолатҳои зерин метавонад, аз ниқоби тиббӣ истифода набарад: ҳангоми сайругашт дар гулгашту боғҳо ва ҳавои кушод, вақте дар гирду атроф одамон кам ба назар мерасанд; дар воситаи нақлиёти шахсӣ танҳо ё бо риояи фосилаи байни якдигар; дар ҳуҷраи корӣ ҳангоми риояи фосилаи иҷтимоӣ; дар ошхонаҳо, тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ.
                Пеш аз ҳама ниқобҳо барои онҳое, ки, аллакай, бемор ҳастанд, пешбинӣ шудаанд. Қисми зиёди ниқоб оби даҳон, сулфа ва ё ашкро нигоҳ медорад. Ҳамин тариқ, зарраҳои вирусӣ ба ҳаво камтар ворид мешаванд ва хатари сироятӣ барои дигарон кам мешавад.

               Одамони солим метавонанд ниқобро ҳангоми боздид аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷойҳои серодам истифода баранд.
Ниқоб набояд ба гардан ё гулу овехта шавад, зеро аз қисмати берунии ниқоб ҳамаи заррачаҳо метавонад ба дарун ворид шуда, бактерияҳо ва сироятҳоро ба луобпардаҳо бурда расонад.

             Меъёри рафтори беҳдоштиро шаҳрвандоне, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебаранд, бояд риоя намоянд. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ тартибот ва тозагиро риоя намудан шарт ва зарур аст. Бе ниқоб вориди нақлиёти мусофиркаш,  таксиҳо ва бозор шудан манъ аст.
Дар нуқтаҳои савдо масофаи иҷтимоӣ (2 метр) байни фурӯшандагон ва харидорон пешбинӣ карда мешавад.

              Кормандони бозор ва тоҷирон уҳдадоранд, ки пеш аз оғози кор дастонро бо собун шуста, либоси тозаи санитарӣ, ниқоб ва дастпӯшак пӯшанд.
             Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки сокинони кишвар на дар ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мисли бозору нақлиёти оммавӣ ниқоб мепӯшанд. Кор ба ҷое расидааст, ки дар баъзе шаҳру навоҳӣ, бахусус дар бозору мағозаҳои тиҷоратӣ аксарият аз гирифтани ниқоб худдорӣ мекунанд.  Гӯё хатари сирояти коронавирус паси сар шуда бошад. Ҳол он ки ҳаводиси аз нав авҷ гирифтани ин беморӣ дар як қатор кишварҳо аз фориғболӣ ва риоя нагардидани қоидаҳои зиддиэпидемикист. Ба қавле ҳоло табли шодӣ задан барвақт аст.

 
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:04
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:28
Хуфтан20:58
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар