Асосӣ Мақолаҳо Нақши модар дар тарбияи фарзанд ва ҷомеа

Нақши модар дар тарбияи фарзанд ва ҷомеа

Нақши модар дар тарбияи фарзанд ва ҷомеа
2016-02-10
12176

Нақши модар дар тарбияи фарзанд ва ҷомеа

Шири модар аз таровишҳои хуни ҷигар аст,

З₋ин сабаб ҳам модаронро сӯзиши дил дигар аст.

Ҳамду сано Худованди меҳрубонро, ки Парвардигори оламиён аст, дуруди салом бар Расули гиромӣ (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Яке аз эҳтиромоти воло ва арзишманди зан ин модар шудан ва модар будани ӯст, ки дар тамоми фарҳангҳои мутамаддин ва ғайри мутамаддини олам аз эҳтироми хоссае бархӯрдор будааст. Ин нақши махсуси зан, яъне модар будан, ки сарриштадори ҷомеаҳост ва дар ҷаҳони гузаштаву имрӯза арзишманд аст, аз назари Ислом низ дорои ҷойгоҳи волое мебошад. Чунонки дар Қуръони маҷид эҳтиром ва эҳсон ба волидайн дар радифи итоат ва тавҳиди Худо қарор гирифтааст ва дар баъзе оёт шукри волидайн дар радифи шукри илоҳӣ зикр шудааст. Худованд ранҷу машаққатҳои модарро дар китоби азимушшаъни худ Қуръон баён намуда, мефармояд: “Одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем: Модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст: ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар ду сол аст: (ҳукм фармудем, ки) маро ва падару модари худро шукргузорӣ кун”. (Сураи «Луқмон», ояти 14).

Модар он неъмати бузурги илоҳист, ки ғайр аз Одаму Ҳавво, дигар кулли инсонҳо дар домони ӯ парвариш ёфта, аз меҳру муҳаббат, навозиш ва дӯстдориҳои ӯ бархӯрдор гаштаанд. Он қадар неъмати бузург аст, ки ҳар инсоне агар лаҳзае биандешад, хоҳад дарёфт, ки агар Худованд модарро чунин меҳрубон намеофарид, шояд, ки аксари навзодон зоеъ мешуданд. Ин модар аст, ки аз лаҳзаҳои аввали бордорӣ, дар вуҷуди худ ноҳинҷориҳои зиёдеро эҳсос менамояд, вале хушҳол аст, ки тифле ба дунё хоҳад овард. Ин модар аст, ки ҳар гоҳ бораш вазнин мешаваду нишасту бархосташ душвортар, боз ҳам хушҳол аст, ки модар хоҳад шуд. Ин модар аст, ки ҳангоми таваллуд агарчи бо марг дастбагиребон мешавад, боз ҳам бо дидани чеҳраи тифлаш ашки шодӣ аз дидагонаш сарозер мешавад. Ин модар аст, ки бо вуҷуди ҳама он машаққатҳое, ки мекашад, тифлро душман намегирад, балки бештару бештар дӯсташ медорад. Ин модар аст, ки ҳар гоҳ ифлосие дар бадани тифл мебинад, нисбаташ мутанаффир намешавад, балки бо муҳаббату навозишҳо покаш мекунад. Ин модар аст, ки ҳар фарзандашро то сари пои худ рост ва мустақил шудан парасторӣ менамояд.     

Тифлию домони модар хуш баҳоре будааст,

То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Паёмбари гиромии мо ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам  фармудаанд: “Биҳишт зери қадами модарон аст”. Бузургони гузаштаи мо мазмуни ин ҳадиси шарифро ба риштаи назм кашидаанд, ки вирди забони хосу ом аст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Қадру манзалати модар чунон баланд аст, ки Худованди Маннон бандагонашро ба эҳтироми ӯ тавсия менамояд ва Расули гиромии Ӯ ҷаннатро бо он ҳама нузҳату ҷалол дар зери қадамҳои модарон қарор медиҳад. Дар ҳадисҳои зиёд тавсия ба эҳтиром ва парастории волидайн буда, инсонро ҳушдор медиҳад, ки беҳтарин кор баъди итоати Худо ва Расул ин итоат ва некӣ ба волидайн аст. Дар ҳадиси шариф омада: “ Нигоҳи фарзанд ба чеҳраи падару модар аз рӯи муҳаббату шафқат нисбат ба онон, ибодат аст”.

Донишманде фармуда: “Аммо ҳаққи модарат он аст, ки бидонӣ, ӯ туро дар ҷое ҳамл карда, ки ҳеҷ каси дигарро он ҷо ва бо он гуна ҳамл нахоҳад кард. Аз меваи ҷонаш ба ту ғизо дода, ки касе чунин намекунад. Туро бо гӯшу чашму дасту по ва пӯсту мӯи худ ва бо ҳамаи аъзо ва андомаш нигаҳдорӣ ва муҳофизат кардааст ва он ранҷу машаққат, ки дар ин роҳ дида, ҳамаро бо рӯи хуш ва оғӯши боз пазируфта ва ғаму сангинии онро ба дӯш кашидааст. Розӣ шуда, ки худ гурусна бимонад ва ту сер шавӣ, худ урён бимонад ва ту бипӯшӣ, худаш ташна бошад ва ту сероб шавӣ, худ дар офтоб бимонад ва ту соянишин бошӣ. Бо заҳмату ранҷе, ки мекашад, туро ба неъмат бирасонад. Дар роҳи ту гармо ва сармои дунёро ба ҷон бихарад. Ҳаққи ӯ бар ту он аст, ки инҳоро бидонӣ ва бар ин ҳама ранҷ сипосгузораш бошӣ, ки албатта ҷуз бо тавфиқ ва ёрии Худо нахоҳӣ тавонист ҳаққашро адо намоӣ. Шоир дуруст фармуда:

Ту то як мухтасар ҷоне бигирӣ,

Кунад ҷон мухтасар, бечора модар.

Ба мактаб  чун равӣ, то боз гардӣ,

Бувад чашмаш ба дар, бечора модар.

Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё,

Зи модар бештар, бечора модар.

Инчунин Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: Ҳар кас дӯст дорад ва шод шавад, ки умраш тӯлонӣ ва ризқу рӯзиаш фаровон гардад, пас ба падару модари хеш некӣ кунад, зеро ки некӣ ва пайванд ба он ду, аз тоати Худованд аст”.

Вақте биҳишт дар зери қудуми модарон аст, вақте нигоҳи муҳаббатомез ба волидайн ибодати Худост, вақте эҳсон ба онон умр ва рӯзиро  зиёд мекунад, пас чаро инсон аз ин заминаҳои касби биҳишт ғофил монад?

Яке аз асҳоби киром нақл мекунад: “Ҳамроҳи Расули Худо будем. Бар фарози кӯҳе рафтем. Он ҷо дарае дар чашмандози мо қарор дошт. Он ҷо нигоҳам ба ҷавоне афтод, ки ба чаронидани гӯсфандон ва шӯбонӣ машғул буд. Аз ҷавониаш хушам омад. Ба Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтам: «Ё Расулаллоҳ! Чӣ ҷавоне! Кош ҷавонии ин фард дар роҳи Худо сарф мешуд». Расули Худо фармуданд: «Чӣ медонӣ? Шояд дар роҳи Худо сарф мешавад ва ту намедонӣ Расулуллоҳ он ҷавонро садо кард ва аз ӯ пурсид: «Эй ҷавон, оё касеро дорӣ, ки ба ӯ расидагӣ кунӣ ва харҷашро бидиҳӣ ва таҳти такаффули ту бошад?». Гуфт: «Оре». Ҳазрат пурсиданд: «Ӯ кист?» Гуфт: «Модарам». Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Хуб аст, бирав ва мувозиби ӯ бош, зеро ки биҳишт зери пои модар аст”.

Домони модар нахустин мадрасаи кӯдакон аст. Дар ин мадраса на фақат забони гуфтору пои рафтор меомӯзанд, балки нахустин хишти бинои фикрӣ ва рӯҳии кӯдакро мегузоранд ва шаклгирии ибтидоии шахсияти тифл низ оғоз мегардад. Тифл аввалин дарсҳои худро бо нигоҳ аз модар меомӯзад. Агар модар босавод асту тарбиядида ва соҳибистеъдод, бештар фарзандони ин гуна модарон манфиатрасони ҷомеа хоҳанд шуд. Дар натиҷа тифл агарчи ба мактаб меравад ва муҳиташ дигар мешавад, боз ҳам нақши тарбияи модар бар тарбияи падар, устод ва ҷомеа бартарӣ дорад.

Дар замони Пайғамбар (с) марде ба номи Алқама машҳур буд. Ӯ ҳамеша ба тоату ибодати Худованд машғулият дошт. Рӯзе бемор шуду дар бистари марг хобид. Аммо ҳангоми беморӣ ба мушкилоти сахте рӯ ба рӯ шуд. Саҳобагон ҳоли вазнини Алқамаро ба Пайғамбар (с) хабар доданд. Пайғамбар (с) аз онҳо пурсид, ки оё  Алқама падар ё модар дорад? Саҳобагон гуфтанд: «Оре, ӯ як модари пир дорад». Пайғамбар (с) ба назди модари Алқама рафта, аз ӯ пурсиданд: «Оё ту аз Алқама розӣ ҳастӣ?». Модар дар ҷавоб гуфт: «Не, ман аз Алқама розӣ нестам. Зеро ӯ ҳамсари худро аз ман беҳтар медонист ва ӯро нисбат ба ман бештар эҳтиром мекард». Пайғамбар (с) ба модари Алқама гуфт: «Аз Алқама розӣ бош ва аз гуноҳи ӯ даргузар, вагарна ӯ дар азоб мемонад». Чун модари пиру меҳрубон ҳоли вазнину ногувори ҷигарбандаш Алқамаро дид, аз ӯ розӣ шуд ва ба осониву роҳат Алқама ин дунёро падруд гуфт.

Ин қисса барои ҷавонону наврасони мо бояд дарси ибрат бошад ва онҳо кӯшиш намоянд, ки эҳтироми волидайнашон, хусусан модаронашонро аз таҳти дил ва бо камоли сидқу вафо ба ҷо оранд.

Парвардигоро, ба мо тавфиқи риояи ҳуқуқи модарон ато фармо ва онҳоро аз мо розӣ гардон. Омин.
 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар