Асосӣ Мақолаҳо СУЛҲУ АМОНӢ БЕҲТАРИН НЕЪМАТИ ИЛОҲӢ МЕБОШАД.

СУЛҲУ АМОНӢ БЕҲТАРИН НЕЪМАТИ ИЛОҲӢ МЕБОШАД.

СУЛҲУ АМОНӢ БЕҲТАРИН НЕЪМАТИ ИЛОҲӢ МЕБОШАД.
2025-09-26
86

      Тоҷикистон – Ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он фарзи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бедордил ва худогоҳу худшинос мебошад.

          Барои идора ва пешбурди ҳар қавму миллат ва давлату кишвар фарди бузурге аз миёни мардум баргузида мешавад. Ба бахти мардуми мо дар сапедадами истиқлоли кишвар вакилони мардумӣ дар иҷлосияи XVI  Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Интихоби ӯ маҳз барои он буд, ки оташи хонумонсӯзи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намояд. Ӯ аз рӯзҳои аввали роҳбарияш ба мардум ваъда дод, ки: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ӯ бо инояти Парвардигор ба аҳди худ вафо кард. Барномаи асосии Роҳбари давлат барномаи ваҳдату ягонагӣ, навсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва озодии баён буд ва барои татбиқи онҳо пайгирона саъю талош варзид, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу амонӣ ва оромишу осоиш ҳукмфармост. Ҳар фарди бедордилу солимфикр, агар шароити дирӯзи кишвари моро бо вазъи имрӯзӣ қиёс намояд, возеҳу равшан мебинад, ки ваҳдати комил, амнияти саросарӣ, пешрафтҳои иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон дар ҳар гӯшаву канори он ба назар мерасад. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафти Ватанамон мо бояд аз низоми сиёсии имрӯза ва дастуру роњнамоиҳои Пешвои миллат ҷонибдорӣ кунем. 

          Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби ҳанафӣ ва яке аз бузургтарин фақеҳони олами Ислом мебошад, итоат аз низомро омили шукуфоии давлату миллат медонад: «Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар ҳузури вай дурӯғ нагӯ! (Пандномаи Имоми Аъзам).

          Ояти сареҳи раббонӣ, аҳодиси саҳеҳи набавӣ ва гуфтори Имоми Аъзам маҳз ба хотири он аст, ки мардум дар меҳани худ бо мусолиҳаву ягонагӣ ҳамзистии мусолиматомезро ба роҳ монанд ва дар рушду тавсеаи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саъю талош варзанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ки мардуми худро аз нифоқу низоъ, табъиду зӯроварӣ, ифротгароиву даҳшатафканӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз намоем. Зеро дини мубини Ислом як ҷузъи таркибии фарҳанги мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон буда, дар бисёр паҳлӯҳои зиндагии суннатии мо нақши ҳалкунанда дорад.

          Дар Тоҷикистон рӯҳониён ва ходимони дин дар анҷоми маросимҳои динӣ озод мебошанд. Ба ҳама маълум аст, ки зиёда аз 97 фоизи аҳолии кишварамон мусулмон мебошад ва Конститутсия - қонуни асосии мо баён менамояд, ки  «Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Инчунин иҷрои тамоми фароизи динӣ, доштани ибодатгоҳ, адои маносики ҳаҷ, зиёрати маконҳои муқаддас ва дигар маросимҳои динӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» озод буда, бидуни монеа, маҷбурият ва таассуб амалӣ мегарданд. Яъне, ҳеҷ кас аз пайравӣ кардан ба ин ё он дин манъ карда нашудааст. Ҳар кас метавонад озодона динеро қабул намуда, тибқи аҳкоми он ибодат намояд.

         Вале имрӯз баъзе гурӯҳҳои алоҳидаи ғаразнок ва манфиатхоҳ мехоҳанд, ба василаи дин ба шуури динии мардум, бахусус ҷавонони мо таъсир расонида, ваҳдати миллии моро барҳам зананд, ба осоишу амнияти мо халал ворид созанд ва тухми нифоқу парокандагиро коранд. Бинобар ин, вазифаи муқаддаси ҳар як шахси солимфикр ва оқил дар он аст, ки ба хотири ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлоли миллӣ ва амнияти саросарии кишвар бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои нави зараровар мубориза барад. Хусусан, баъзе ҷавонони мо, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд, зуд ба доми мубаллиғону ташвиқгарони гурӯҳҳои ғаразноки ифротӣ меафтанд, ҳаёти худро ба хотири як лаҳзаи дилхушӣ зери хатар меандозанд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бамаврид қайд намудаанд, ки «Вазъи ниҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза ва фаъолияти торафт густурдаи гурӯҳҳои ифродгаро боиси ноором шудани бисёр кишварои минтақа ва ҷахон гардидааст».

             Хатари экстремизм ва терроризм барои кишвари мо низ эҳсос мегардад, ки нишони онро мо дар гаравиши иддае аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мушоҳида менамоем.

             Аз ин хотир мо бояд имрўз ба қадри истиқлолият бирасем, шукронаи давлати тоҷиконро кунем, дар хотир дошта бошем, ки барои гумроҳ намудани мардум ва алалхусус ҷавонон, бадхоҳони миллат аз ҳама роҳу василаҳо истифода мебаранд. Моро зарур аст, ки ба ҷавонон мафҳуми зиндагии осоиштаро дуруст фаҳмонем. Онҳоро огоҳ созем, ки ифротгароӣ ба нооромӣ, қатлу куштор оварда мерасонад. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки таблиғоти гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ пурра дурӯғ буда, ҳадафи онҳо рехтани хуни мусулмонон мебошад.

              Бинобар ин, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал меорем, ки шукронаи ватани азизро ба ҷо оред, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, нагузоред, ки душман ватани моро ба вартаи ҳалокат афканад, зеро пешрафту тараққиёт, ояндаи неки фарзандон аз осмони софу беғубор, фазои амну созгор вобаста мебошад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:42
Пешин12:40
Аср16:11
Шом18:14
Хуфтан19:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар