Асосӣ Мақолаҳо ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ
2020-10-06
1725

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ситоиш Худовандро, ки Парвардигори оламиён аст, дуруду салом ба Пайғамбари акрам (с) ва ба ёрону хонадонаш бод.

Худованд ҳастиро барои инсон офарид ва тамоми шароити зиндагиро дар олам фароҳам намуд, то инсон ба таври шоиста ва хуб дар он зиндагӣ кунад. Аз тарафи дигар инсонҳоро ба гунае офаридааст, ки онҳо ногузиранд дар шакли ҷомеаҳо зиндагӣ кунанд. Пас дар дунёи инсонҳо ҷомеаҳо падид омад ва инсонҳо дар шаклҳои гуногун бо якдигар дар иртиботу муомила қарор гирифтанд. Худованд оламро офарид ва ба одамон забони гуногун ато кард, то бо ҳам сухан гўянд. Ва яке аз қадимтарин забонҳо – забони тоҷикист. Тоҷикон ҳазорсолаҳо инҷониб бо ин забони шевову дилчасп шеър суруданд ва асарҳо офариданд. Аҷдодони мо забони тоҷикиро ба авҷи аъло расониданд, онҷо, ки Расули акрам (с) дар ҳаққи мардуми мо башорат фармудаанд, ки «Агар илм дар Сурайё мебуд, мардоне аз фарзандони форс онро дармеёфтанд».

Мардуми тоҷик дар тўли таърих ҳамчун миллати қадимаи фарҳангӣ, соҳибкитоб ва соҳибтамаддун шинохта шудаанд. Дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки тоҷикон ҳамеша мақоми табақаи донишманд, идоракунандагони девону дафтар, устодони илмӣ ва мураббиёни маънавиро доштаанд. Маҳз ҳамин хислати мардуми тоҷик боис шудааст, ки нерўи маънавӣ ва имкониятҳои илмиву фарҳангии худро ҳаргиз аз даст надода, ба ин восита ҳифзу наҷоти худро таъмин намудааст.

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.

Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷа ва чандин нобиғаҳои халқи тоҷик ҳадисҳои Паёмбари ислом (с)-ро тадвин ва тахриҷ намуданд, ки имрўз аз китобҳои муқаддастарини мусулмонон ба шумор мераванд.

Бузургтарин хизмате, ки барои бузургдошти забони тоҷикӣ карда шудааст, ин фатвои Имоми Аъзам буд, ки хондани намозро ба забони тоҷикӣ иҷозат доданд. Тибқи фармудаи Имом Абўҳанифа, дар намоз ба ҷуз аз тиловати Қуръон, боқӣ ҳамаи дуоҳо метавонад ба забони тоҷикӣ анҷом дода шавад. Ҳамин тариқ забони тоҷикӣ дар байни мусулмонони ҷаҳон бештар интишор шуд ва 1300 сол инҷониб аксари мусулмонони олам нияти намозро ба забони тоҷикӣ мехонанд.

Асарҳои Абўрайҳони Берунӣ, Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Ибни Сино, Форобӣ, ашъори Рўдакиву Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Фирдавсиву Ҷалолиддини Балхӣ мақоми забони тоҷикиро дар тамоми олам боло бурданд. Бисёр кашфиёту дастовардҳои бунёдӣ дар соҳаи улуми дақиқ, аз қабили риёзиву ҳандаса, ситорашиносиву алҷабр ва тиббу табиатшиносӣ, ки аз тарафи гузаштагони барўманди мо анҷом ёфтаанд, то имрўз дар илми башарӣ дорои аҳамияти калон мебошанд.

Хушбахтона, забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тайи садсолаҳо бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди пешомада зина ба зина ташаккул ва такомул ёфтааст ва имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрўз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Чи хеле ки Пешвои миллат дар суханрониашон бахшида ба рўзи забон қайд намуда буданд: «Забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст».

Ҳар як фард бояд хуб дарк кунад, ки забон хишти аввалини кохи ҳар як миллат аст. Агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Аз ин рў, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандўст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

Ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар