Асосӣ Мақолаҳо ФАРЗАНДОН ХУДШИНОСУ ХУДОШИНОС БОШАНД...

ФАРЗАНДОН ХУДШИНОСУ ХУДОШИНОС БОШАНД...

ФАРЗАНДОН ХУДШИНОСУ ХУДОШИНОС БОШАНД...
2021-01-12
1848

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Худованди бузург вақте ин дунёро ба ин қадар шукуҳу шаҳомат офарид, аз байни хама махлуқоташ ободии ин ҷаҳонро ба фарзанди Одам (а) вобаста кард. Ҳамаи неъматҳои зоҳирӣ ва ботиниро дар ихтиёраш гузошт, то ки инсонҳо тавонанд барои бақои зиндагӣ ва ободии ин дунё талош варзанд. Фитрати зиндагии инсонро Худованд тарзе сомон дод, ки ҳаёти одамӣ дар ин дунё паси ҳам сипарӣ мегардад. Наслҳо ҳамдигарро иваз мекунанд ва ҷои падару модаронро фарзандон мегиранд. Ҳамин аст, ки ободии ҷаҳон ва ҳаёти инсоният сахт марбут ба он аст, ки волидайн ба фарзандон аз худ чиро таҳвил медиҳанд, ҳамон гунае, ки пешиниён ба эшон дода буданд, яъне тарбияташон карда буданд.

         Фарзанд дар зиндагии инсон ба мисли дарахти наврастаест, ки аз парвариши боғбон вобастагии бузург дорад. Агар боғбон дар парвариши ниҳоли боғаш заҳмат кашад ва аз замони наврастагӣ ба он аҳмият диҳад, дар муддати кӯтоҳе дарахти пурсамареро ба воя мерасонад. Агар боғбон дар парвариши ниҳоли боғаш саҳлангариву бепарвоӣ кард, мусаллам аст, ки ба ғайр аз дарахти бесамару нодаркоре, чизи дигаре ба даст оварда наметавонад. Фарзанд, ки ширинтарин неъмати Худованд барои инсон маҳсуб мешавад, ба мисоли дарахт ва падару модар ба мисоли боғбонанд.

                                      Бувад фарзанд нахли боғи ваҳдат,

                                     К-аз ӯ равшан шавад базми саодат.

                                      Вуҷудаш он замон гардад гиромӣ,

                                      Ки афрӯзад чароғи некномӣ.

         Аз ҳамин хотир, ҳар падару модаре, ки Худованд ба онҳо фарзанд ато мекунад, дар назди Парвардигори меҳрубон аз таълиму тарбияи додаашон масъуланд. Зеро Худованди бузург дар Қуръони карим мефармоянд – “Эй муъминон, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред”. (Сураи «Таҳрим», ояи 6) яъне, Худованди бузург дар ин ояи муборака ҳар яки мову шуморо таъкид менамояд, ки зиндагии худ ва фарзандонамонро тарзе ба роҳ монем, ки дар ҷаҳони охират аз оташи сӯзон наҷот ёбем.

         Албатта вақте падару модар фарзанд ба дунё меоранд, аз ҳамон лаҳзаи таваллуд ба таълиму тарбияаш шуруъ намоянд, барои фарзанд одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ биомӯзанд. Мақсад аз тарбияи фарзанд ин муҳайё сохтани шароити моддӣ, аз қабили хӯрока, пӯшока, хонаву мошину пулу мол нест, балки тарбияи воқеӣ ин тарбияи маънавӣ аст . Дар таълимоти Паёмбари Акрам (с), ки саропо панду андарзанд, таъқидҳои муқарраре дар боби ахлоқу одоби хуб ва тарбияи дуруст додан зикр шудааст. Аз он ҷумла, он Ҳазрат (с) дар ҳадиси муборакашон мефармоянд: Беҳтарин ва гаронбаҳотарин ҳадя аз ҷониби падару модар барои фарзандон ин аст, ки ононро чунин тарбия кунанд, ки дорои одобу ахлоқи хуб бошанд” ( Маъорифул- Ҳадис, ривояти Тирмизӣ). Вақте ки фарзанд бо заҳмату кӯшиши падару модар хушахлоқу соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунар мешавад, чунин фарзанд фахри ҷомеа ва садақаи ҷорияе барои падару модар мегардад. Аммо вақте ки падару модар дар тарбияи фарзанд бепарво бошанд, фарзанд аз ин саҳлангорӣ бадахлоқу авбош ва хоину қотил мегардад, даҳшатафканиву ватанфурӯшӣ мекунад, ки аз ин даҳшати бузургтаре барои волидайн нест, вале бо вуҷуди ин волидайн дар пешгоҳи Худованд аз таълиму тарбияи худ ҷавобгӯ ҳастанд. Паёмбари Худо (с) дар ҳадиси дигари муборакашон мефармоянд: - “Фарзандони худро эҳтиром кунед ва ононро одоби хуб биомӯзонед” (Ривояти Ибни Моҷа, Маъорифул-Ҳадис). Эҳтироми фарзанд аз ҷониби падару модар он аст, ки волидайн бояд онҳоро ато ва амонати Худованд бидонанд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар ин амонати пурарзиш хиёнат накунанд. Зеро амонатдорӣ бисёр масъулияти бузург аст ва он боз ҳам бузургтар мегардад, агар соҳиби амонат Аллоҳи мутаол бошад. Дар ҳамин боб мутафаккири барҷаста Абдуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ дар асараш «Кимиёи саодат» зикр мекунад: “Фарзанд амонатест дар дасти падару модар ва дилаш чун об соф асту чун гавҳар нафис ва нақшпазир чун мум, аз ҳамаи нақшҳо холист. Чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар он афакани бирӯяд ва агар тухми хайр афканӣ, ба саодати дин ва дунё расад. Агар бар хилофи он кунанд, бадбахт шавад ва аз ӯ корҳои ношоиста ба вуҷуд ояд, дар дунё ва қиёмат дар азоби он фарзанд падару модар шарик бошанд”. Дар ҳадиси дигарашон Паёмбари Худо (с) фармуданд, ки “Миёни фарзандонатон дар додани ҳадя баробарӣ кунед, агар баробарӣ лозим намебуд, ман дастур медодам, ки ба духтарон беш аз писарон бидиҳед”. Аз ин бармеояд, ки дини мубини Ислом ва шариати муҳаммадӣ моломол аз нукоти марбут ба тарбияту ахлоқ аст, ки раҳнамои волоест, барои ҳамагон.

         Дар идомаи гуфтаҳои боло мехоҳам инҷо аз суханони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос биёрам, ки дар яке аз суханрониашон вобаста ба  мавзӯи чавонон зикр карда буданд: “Аз устодону омузгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷух зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд. Дар воқеъ, имрӯзҳо баъзе аз падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандонашон ҷиддӣ таваҷҷуҳ намекунанд. Аз як ҷиҳат пайи кору муҳоҷирату тиҷорат будан, аз ҷиҳати дигар ба қадри кофӣ дарк накардани заруроти тарбияи дуруст ба он оварда расонидааст, ки на ҳама наврасон ҳамаҷониба ба тарбия фаро гирифта шаванд. Мутаассифона, мо имрӯз модаронро мебинем, ки соатҳо аз вақти ҳаррӯзаи худро дар сӯҳбатҳои сарикӯчагӣ бо ҳамсоягон, тамошои филмҳо, гаштугузор дар бозор ва дигар вақтгузарониҳои бемаънӣ сарф мекунанд, аммо андешаи онро намекунанд, ки ин соатҳоро метавонанд ба тарбия сарф намоянд. Зеро фарзандони мо ба ин соатҳо хело ва хело эҳтиёҷманданд. Қазоват кунед вақте як модар фарзандонашро тарбияи дуруст намедиҳад ва агар ба ҳисоби миёна фарзандони як оиларо 4-то ҳисобем, фардо ин 4 нафар чун узви комилҳуқуқи ҷомеа мавқеи арзандаеро дар ҷомеа пайдо карда метавонанд? Бубинед, ки таъсирашон ба чи қадар инсонҳои дигар хоҳад расид. Яъне аз тарбияи нодурусти як модар садҳо ва ҳатто ҳазорҳо инсонҳои дигар азият мебинанд. Бадбахтона имрӯзҳо чунин фарзандони бадахлоқу камтарбияро дар ҳама қишрҳои ҷомеа вохӯрдан мумкин аст, ки ба ин аксаран худи волидайн гунаҳкоранд. Зеро аксари уламо чунин мешуморанд, ки агар 30%-и рафтори тифл дорои хусусияти ирсӣ бошад, пас 70%-и он аз таълиму тарбия вобастагӣ дорад.

         Зуҳуроти дигаре, ки тайи солҳои охир ба раванди таълиму тарбия таъсиррасон гардидааст, ин ҷаҳонишавӣ ва дастрасии озод ба манобеи мухталифи иттилоотӣ, воридшавии фарҳангу арзишҳои бегона мебошад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати ҶТ масъалаи таълиму тарбияро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон кардааст. Махсусан қабули Қонуни ҶТ “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” имкон фароҳам оварда истодааст, то насли минбаъда солиму тарбиятдида ташаккул ёбанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки нисбат ба тарбияи дурусти фарзанд назди Худованд, ҷомеа ва худди фарзандон масъулиятшинос бошем, то фарзандон худшиносу Худошинос тарбия ёбанд. Ин ҳама ба мо ҳамон вақт муяссар мегардад, ки масъулияти худро пурра ва содиқона иҷро намоем. Аз ҷумлаи чунин масъулиятҳо гузоштани номи нек, омӯзондани илм, соҳиби касбу ҳунар намудан, аз моли ҳалол хӯрондану пӯшонидан, муроқибат кардан аз ҷойҳои мерафта ва дӯстони якҷо мегашта, хатна намудан ва ғайра.

         Умедворам ҳар яки мо ба дарки ин масулияти бузург ва амалигардонии фармудаҳои илоҳиву ҳадафҳои неки Ҳукумати кишвар дар ин самт нақши мусбати худро гузорем. То бошад, ҷомеаи худро пешрафта ва тарбиятдидаву обод гардонем.

Ҳамидуллоҳ Раҳимов,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Синои ш. Душанбе

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар