Асосӣ Мақолаҳо ИХЛОС ВА САДОҚАТ ДАР ТОАТУ ИБОДАТ

ИХЛОС ВА САДОҚАТ ДАР ТОАТУ ИБОДАТ

ИХЛОС ВА САДОҚАТ ДАР ТОАТУ ИБОДАТ
2021-12-11
147

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид, дуруду саломи бепоён бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш бод.

Худованди меҳрубон дар каломи осмонии хеш дар бораи ҷойгоҳи зикру ёди Худ чунин мефармояд: «Ва ҳар ки аз ёд кардани Ман рўгардон шавад, пас, барои ў зиндагонии танг бувад ва рўзи қиёмат ўро нобино барангезем» (Сураи Тоҳо, ояти 124).
Воқеан оятҳои Қуръони карим бисёр таъсирбахшанд. Ин оят агар хонда шавад, вуҷуди инсон ба ларза медарояд. Ин оят маънои онро дорад, ки агар шахсе зоти поки Худоро инкор кунад, аз пайи ҳавою ҳавас рафта, зикри ўро фаромўш созад, ба ў дар дори охират азоби алим, яъне дарднок омода карда мешавад. Муфассирон мегўянд, ки ўро ду азоб аст. Аввал,  дар ин дунё ризқу рўзиаш танг мешавад, дувум, дар рўзи қиёмат ҳама зинда мешаванд, вале ў нобино аз ҷой мехезад. Мумкин баъзеҳо суол кунанд, ки чаро бисёр одамон дар дунё зикру фикри Худо намекунанд?, аммо зиндагии фаровон доранд дар ҳеҷ чиз нуқсону камбудӣ надоранд. Бисёр муфассирон, аз ҷумла Фахруддини Розӣ, Замахшарӣ ва дигарон ба ин ақидаанд, ки ин молу мулки дунё агарчи дар зоҳир бисёр менамояд, аммо на ҳамаи он ба коми соҳиби он аст. Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки молу маводи ҷамъкардаи он ба соҳибаш нафъ меорад ё зиён ё он молу ашё сабаби дарду мусибати соҳибаш хоҳад гашт. Рўзии ҳалол ва насиби кас ҳамон аст, ки аз гулў поён равад ва он аз самараи меҳнати ҳалол бошад. 
Аз ин сабаб шахсоне ба назар мерасанд, ки дар зоҳир бою сарватманданд, аммо хўрокашон талху ногувор аст. Баъзан чунин мешавад, ки ним нони меҳнатӣ ва як пиёла чои кабуд чун қути ло ямут шикамро серу дидаро пурнур мегардонад. Мо набояд дар ҳеҷ ҳолат зикри Худоро фаромўш кунем. Дар ҳоле, ки Парвардигори олам дар Қуръони карим, дар сураи “Бақара” мегўяд:
«Пас, Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва маро сипос гўед ва ба ман носипосӣ макунед» (Сураи Бақара, ояти 152).
Мурод аз зикр ёдоварӣ кардани Худо ба неъматҳои бепоёни ўст. Ҳатто тафаккур намудан дар санъати Худованд ҳам ибодат аст. Ҳаргиз Худованд ин офтобу моҳу ситорагонро беҳуда наофаридааст. Вақте Худованд моро ба зикри худ амр мекунад, бояд мо амру фармони илоҳиро бечуну чаро иҷро намоем. Бояд донист, ки ҳар як махлуқи Худованд ва мавҷудоти байни замину осмон фармонбар ва тасбеҳгўи зоти поки Худованд мебошанд. Ҳатто гиёҳҳо низ далели ваҳдоният ва яккаву ягонагии Худованд буда, зикри ўро ба ҷо меоранд. Чунонки Саъдии Шерозӣ дар ин маврид фармудааст:
Ҳар гиёҳе, ки бар замин рўяд,
«Ваҳдаҳу ло шарика лаҳу» гўяд.
Дуюм навъи азобе, ки барои бандагони носипос дар рўзи қиёмат омода шудааст, ин нобино зинда шудани онҳост. Барои аз аҳволи нобиноён бохабар шудан ду дақиқа дар хонаи торик боқӣ мондан кифоя аст. Ба ҳама бародарону хоҳарони аҳли Ислом таъкид мешавад, ки зикри Худоро фаромўш накунанд. Зикру ёди Худовандӣ, хусусан субҳгоҳон ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад.
Калимаи "ихлос" дар луғатномаҳо асосан ба маъноҳои вафодорӣ, кушодадилӣ, дилбастагӣ, садоқат, самимият ва ба монанди ин омадааст. Бояд гуфт, ки сурае аз сураҳои Қуръони каримро ном "Ихлос" аст. Ҳамин ишора баёнгари он аст, ки дар ин калима маънии бисёр нуҳуфтааст. Воқеан, мардуми мусулмон ва муътақидро мардуми боихлос меноманд. Албатта, то дар замири кас ихлосу имон ҷамъ набошад, пайдо кардани роҳи росту дуруст барояш маҳол аст.
Тавре мебинем, мухлис будан ё боихлос ба як кор шурўъ кардан албатта самараи худро медиҳад. Худои таоло дар Қуръони карим мефармояд:

«Ва ба онҳо дастуре дода нашуда буд, магар ин ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле, ки дини худро барои Ў холис кунанд…» (Сураи Байина, ояти 5).

Шахси беихлос аз маънавият дур аст. Дар дили шахси беихлос Худованд як сиёҳиеро пайдо мекунад, ки он оҳиста-оҳиста ба дили ў таъсири манфӣ мерасонад. Ин зумра мардум аз ибодат ҳам баҳраи хуб бардошта наметавонанд. Вақте шайтон аз даргоҳи Худованд ронда шуд, хоҳиш намуд, ки ўро то рўзи қиёмат муҳлат диҳад. Худованд дар ҷавоб гуфт:

«Гуфт: «Ҳамоно ту аз муҳлатдодашудагонӣ, то рўзи он вақти муайян». Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба сабаби он, ки маро гумроҳ кардӣ, албатта, дар замин гуноҳро барояшон биороям ва албатта, ҳамаи онҳоро якҷо гумроҳ созам, магар, аз миёни онҳо бандагони холиси Ту». (Сураи Ҳиҷр, ояти 36-40)

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки шайтон шахси боимону боихлосро ба худ тобеъ карда наметавонистааст. Ҳамчунин Худованд дар Қуръони карим дар ҳаққи Юсуф (а), ки сабру таҳаммулро пеша карда буд, мегўяд:
«…Ба дурустӣ ки вай аз бандагони холиси Мо аст». (Сураи Юсуф, ояти 24)
Он касоне, ки бо ихлосу эътиқод бошанд, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аз зумраи наҷотёфтагонанд. Инчунин Худованд дар Қуръони карим гуфтааст:
«Барои онҳо дар охират рўзии фаровон омода карда шудааст» (Сураи Соффот, ояти 41).
Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар ҳадиси мубораки худ фармудаанд: «Талабу дархости худро аз Худованд бипурсед дар ҳоле, ки шумо ба иҷобат шудани он яқину боварӣ дошта бошед. Ва бидонед, ки Худои таоло дуоро аз қалбе, ки ғофил асту бепарво иҷобат намекунад».
Шориҳони ҳадис меоранд, ки дар ин ҷо низ аз ихлос сухан меравад, албатта, қалби ғофил ё бепарво ин ҳамон қалбест, ки ихлос надорад.
Пас, мо дар ҳама кор, хусусан дар ибодати Худовандӣ бояд ба имон ва ба ихлос бошем. Ва низ бархе аз уламо бар ин ақидаанд, ки имон бо ихлос марбуту вобастаи ҳамдигаранд. Ҳар гоҳ яке барпо ва барқарор бошад, дигаре низ дар радифи ўст. Агар Худо нахоста, яке аз ин ду зоил шуданӣ ва аз вуҷуди кас рафтанӣ бошад, дигарӣ низ аз паси он меравад. Худованд тавфиқи сидқу ихлос дар аъмол насибу рўзӣ гардонад ва ёру нигаҳдори ҳамагон бошад.
Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:55
Пешин12:40
Аср15:44
Шом17:45
Хуфтан19:15
Суханронии Президент
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар