Асосӣ Мақолаҳо ФУРӮ НИШОНДАНИ ҒАЗАБ ВА БАХШОИШ

ФУРӮ НИШОНДАНИ ҒАЗАБ ВА БАХШОИШ

ФУРӮ НИШОНДАНИ ҒАЗАБ ВА БАХШОИШ
2022-06-09
283

          Марде назди Расули акрам (с) омада гуфт: “-Ё Расуллаллоҳ, маро васияте кун  ба коре, ки чун он кор кунам, аз оташи дӯзах халос ёбам?”. Расули акрам (с) гуфтанд, ки дар ғазаб машав. Он мард борҳо мегуфт: “– Ё Расулаллох (с), маро васият кун”. Расули акрам (с) ҳамин мегуфт, ки ғазаб макун. Маро коре биёмӯз, ки бад-он ба биҳишт равам.

Гуфтанд: Хашмгин машав, биҳишт турост (Аҳмади Дониш).
Ҳар касе фурў хўрад хашмро ва қодир бошад бар рондани он хашм, Худованди таъоло дили ӯро пурамну имон гардонад (ҳадис).
Ба ҳар сурат авфу бахшиш ягона роҳи халосӣ аз ин амали манфур аст. Бахшидан ва афв кардан ба манзалаи пулест ба сӯи Худованд, ишқ, муҳаббат ва саодат. Дини мубини Ислом инсонро ҳамеша барои пиёда намудани дӯстию бародарӣ, дастгирию кумак кардан ва бахшидани ҳамдигар тарғибу ташвиқ менамояд. Худованд дар сураи Бақара мефармояд: «Эй Парвардигори мо бар мо он чиро манеҳ, ки моро бар он тавон нест. Ва аз мо даргузар ва моро биомурз ва бар мо бибахшой…» [Қ.2.286]. Паёмбар (с) низ ҳамеша дар дуоҳои хеш мегуфтанд: «Парвардигоро, ҳар оина Ту бахшандаи меҳрубон ҳастӣ, моро бубахш ва аз гуноҳони мо даргузар». «...Пас авф кунанд ва даргузаранд. Магар шумо дӯст надоред, ки Худованд шуморо биомурзад? Ва Худо бахшандаи меҳрубон аст» [Қ. 24.22.].

             Дар ҳақиқат бахшидан пок сохтан ва полоиши қалбу ҷон аст ва инсонро бо нури маънавият ошно ва ба олами малакут пайваст менамояд.  Афв рози ҳастиро бар мо мекушояд ва ба мо имкон медиҳад, ки ба коре бипардозем, ки барои он ба ҷаҳони ҳастӣ омадаем.   Бахшидан ва афв кардани дигарон аввалан қадам барои бахшидани хеш аст ва он осонтарин роҳи маҳв кардани гузаштаи  ранҷовар буда, моро аз ҳасрати фурсатҳои гузашта раҳо месозад. Тасмими бахшидан ва авф кардан зудӣ ва дерӣ надорад ва он лаҳзаҳоеро ки шумо ихтиёр мекунед, ҳамон замони бахшидан аст. Набахшидан, хало ва фароғеро дар аъмоқи қалби мо эҷод мекунад, ки на фақат боиси эҳсоси андўҳ ва хасорот мешавад, балки моро аз оромиши дарунӣ–равонӣ боз медорад. Ин боиси гусаста шудани пайвандҳои инсонӣ мешавад ва моро аз якдигар ҷудо мекунад ва садди иртиботи маънавии байни мо мегардад. Ин масъала натанҳо боиси нороҳатӣ мегардад, балки метавонад равобити одамонро беш аз пеш халалдор намуда, сабаби бемайлӣ ва бо мардум рӯ ба рӯ нашудан мегардад. Мо гоҳе дар доираи хашм ва асабоният қарор гирифта, зебоиҳои зиндагиро аз ёд мебарорем, лизо бахшиданро омӯхта, онро дар зиндагии худ ҷорӣ созем. Баъзан бахшидани як фард чунон фазои зеҳнии моро боз мекунад, ки ҳеч амали дигаре ба он намерасад. Бахшиш метавонад масири зиндагии фардро иваз кунад. Албатта на бахшише, ки ба маънои фаромўш кардан ва пок кардани гузашта аст, балки бахшидан ба маънои воқеӣ ва аз самими  қалб бошад. Бояд таваҷҷуҳ намуд, ки идораи хашм ва асабонияти инсон дар дасти худи инсон мебошад.
       Бахшидан гарчанде ки осон набошад ҳам, вале инсон метавонад дар як муддати кўтоҳ нафареро бубахшад. Аввалан, бояд бо худ аҳд кунем, ки мехоҳем тағйир кунем ва мехоҳем фазои зеҳнии худро боз кунем ва инчунин бояд бидонем, ки куҳна шудани ин дардҳо боиси осеби ҷиддӣ ба руҳу равони инсон мешавад. Яке аз роҳҳои сода барои бахшидани шахс ин аст, ки худамонро ҷойи шахси гунаҳкор бигзорем ва авзоъро аз назари ӯ баҳо диҳем.

        Ҳангоме ки мо Қуръонро меомўзем, пандҳои пайямбарон ва бузургонро меомўзем, бояд аз ин хазина чизеро касб кунем, ки бароямон дар рӯҳияи солим зиндагӣ кардан кумак намояд. Маълум аст, ки яке аз ҳадафҳои рисолати Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ин такмили ахлоқи башарӣ буд ва таърих гувоҳ аст, ки ў як зиндагии парҳезкорона ва беолоишро ба сар мебурд ва кӯшиш мекард то ба василаи рафтори хеш як намунаи ахлоқӣ барои мардум бошад. Аз сабақҳои ахлоқӣ, ки аз мутолиаи зиндагиномаи Муҳаммад (с) меомӯзем, ин ба кор гирифтани асли ахлоқии афв ва бахшидани гуноҳ аст.

Афв фармудан муборак хислатест,
Ҳар ки дорад афв соҳидавлатест.
 Дил зи нури афв равшан мешавад,
 Аз насимаш сина гулшан мешавад.
Дӯст дорад афвро Парвардигор,
Ҳар чи Эзид дӯст дорад, дӯст дор [6].


      Агар ба абёти фавқ хуб тааммул кунем, мебинем, ки дар паси ин абёт тамоми савобу фазилатҳо ва хубиҳои арзиши афву гузашт ниҳон аст. Чунон ки мутаваҷҷеҳ шудем, ба қавли шоир афв кардану бахшидан ё гузаштан аз гуноҳи касе хислати муборак будааст. Яъне, ҳар касеро, ки дар қиболи душмании дигарон душманӣ наварзид ва кина нагирифт, балки аз гуноҳи онҳо мегузарад ва бо онҳо созишу мадоро мекунад, ҳамеша дӯстонаш зиёд ва душманонаш кам аст. Бинобар ин инсон набояд барои тафриқа ва озори якдигар, балки барои пешрафти моддию маънавӣ бикӯшад ва бар мабнои ин усули ахлоқӣ амал намояд, чун Худованд худ авфу омурзишро дӯст дорад, мо низ бояд онро дӯст дорем. Инсон бо ин амали накуи хеш бояд ифтихор дошта бошад. Пас, ин умри дурӯзаро ғанимат бишуморем, ба ҷои ҷангу кинаю кудурату душманӣ роҳи сулҳу салоҳ, бахшиш, авфу омурзиш ва таҳаммулу тавозуъро пеша намоем.

Таҳияи М.Шодиев

Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:00
Пешин12:40
Аср17:28
Шом19:29
Хуфтан20:59
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар