Асосӣ Мақолаҳо Фазилати омўзиши Қуръон

Фазилати омўзиши Қуръон

Фазилати омўзиши Қуръон
2015-04-14
3690

Фазилати омўзиши Қуръон

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Сипосу ҳамди бепоён ба Худои Яктои Бениёз, ки беандоза меҳрубону раҳим аст ва раҳмати Ӯ ҳама ашёро фаро гирифтааст. Салому дуруди мо ба Сайидулмурсалин ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва салам ва ба хонадону ёрони ў бод.

Хонандаи азиз! Шумо бояд огаҳ бошед, ки неъмати аз ҳама олӣ ва бузурги Худованди Мутаъол ба муъминон имон аст ва яке аз рукнҳои асосии он - имон ба китобҳои осмонӣ (Таврот, Забур, Инҷил, Қуръон ва чанд Суҳуф ба ҳазрати Одам, Шис, Идрис ва Иброҳим) аст. Пас аз он ки «Қуръон» нозил шуд, ҳукми китобҳои дигар ва шариатҳои собиқ мансух (бекор) гардид ва то рӯзи Қиёмат ҳукми Қуръон ва шариати Ислом устувор ва амалӣ боқӣ хоҳад монд.

Қуръони Маҷид дорои 114 сура ва 6236 оят мебошад. Оят он матне аст, ки байни ду фосила талаффуз карда мешавад. То ба имрӯз ҳатто як ҳарфи Қуръон тағйир наёфтааст. Ҳамаи нусхаҳои чопшудаи Қуръони Маҷид бо ҳам мутобиқати комил доранд. Қуръон то рӯзи охират дар зери ҳифзи Аллоҳ қарор дорад ва ҳеҷ гоҳ табдил ва иваз намешавад! Худованд худ мефармояд:

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ [١٥:٩]

«Ба дурустӣ ки Мо Қуръонро фурў фиристодем ва ҳамоно Мо онро Нигаҳбон ҳастем». («Ҳиҷр»; 9).

Аммо бо таассуф бояд гуфт, ки бештари мусалмонон дар бораи ин Китоби осмонӣ маълумоти хеле сатҳӣ доранд. Ҳатто намедонанд, ки Қуръон дорои кадом сураҳост, он кай ва дар куҷо нозил шудааст ва дарбаргирандаи кадом мавзуъҳост.

Ҳол он ки дар Қуръони Маҷид тамоми масоили ақидаву аҳкоми динӣ ва дунявӣ, ҳаёту марг, ҳуқуқи инсон, таърихи гузаштаву ҳаводиси оянда, ҷиноят ва ҷазо, ҳалол ва ҳаром, аҷру савоб барои амалҳои хайр ва уқубату азоб барои корҳои бад инъикос ёфтааст, ки наметавон онро ба тафсил баён кард. Қуръон бояд китоби рӯимизии ҳар як бандаи муъмин бошад. Бояд онро хонад, аз мазмуни он огоҳ шавад ва дар сари ҳар як ояти он тафаккур кунад. Чунонки Худованди Мутаъол мефармояд:

لَوْ أَنزَلْنَا هَٰذَا الْقُرْآنَ عَلَىٰ جَبَلٍ لَّرَأَيْتَهُ خَاشِعًا مُّتَصَدِّعًا مِّنْ خَشْيَةِ اللَّهِ ۚ وَتِلْكَ الْأَمْثَالُ نَضْرِبُهَا لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ [٥٩:٢١]

«Агар ин Қуръонро ба кўҳе фуруд меовардем, ҳароина онро аз хавфи Худо ниёиш карда, пора-пора шуда, медидӣ ва ин достонҳоро барои мардумон баён мекунем, то эшон тафаккур кунанд» («Ҳашр», 21).

Мо ба хотири он ки хонандагони азиз, дар бораи сураҳои Қуръон, сабаби ба ин ё он ном баён шудани сураҳои он, тартиби нузул ва ҷойгиршавии сураҳо, фазилати онҳо огоҳии бештар дошта бошанд, бахше бо номи «Ошноӣ бо Қуръон» ташкил додем ва бо истифода аз тафсири «Анворул-Қуръон» матолиби мухтасари оятҳои Қуръони Маҷидро пешниҳод мекунем.

Аз Худои азза ва ҷалл масъалат дорем, то ин заҳмати ночизи моро холису бериё гардонда, ба даргоҳи худ бипазирад ва муҳаббати хондану фаҳмидан ва амал карданро барои ҳамаи муъминон муяссар ва осон бигардонад.

Фазилати сураи «Фотиҳа»

Сураи «Фотиҳа» маккӣ ва дорои 7 оят аст. Аз рӯи тартиби ҷойгиршавӣ дар Қуръон якумин аст, аз ҷиҳати тартиби нозилшавии оёт панҷумин мебошад. Аввалин сураи ҷузъи якуми Қуръон аст.

Сабаби «Фотиҳа» ном гирифтани он

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки «Фотиҳа» ба маънои оғози ҳар чиз аст, ин сураро низ «Фотиҳатул-Китоб» номиданд, зеро Қуръон бо он ифтитоҳ шудааст. Аз тарафи дигар, ин аввалин сура аз Мусҳафи шариф аст, ки котибони Қуръон онро менависанд ва аввалин сура аз Китоби Маҷиди Илоҳӣ аст, ки хонанда онро тиловат мекунад, ҳар чанд аз назари тартиби нузули оёт, ин сура аввалин оёти нозилшудаи Қуръон нест.

Сураи «Фотиҳа» дувоздаҳ ном дорад, ки машҳуртарини онҳо се номи зер аст:

«Фотиҳатул-Китоб», «Уммул-Китоб» ва «Сабъул-масонӣ» (яъне ҳафт ояте, ки қироати онҳо дар намозҳо такрор мешавад).

Номҳои дигари машҳури он «Ҳамд», «Салот» ва «Воқия» (яъне нигоҳдоранда) мебошад.

Фазилати сураи «Фотиҳа»:

Дар фазилати ин сура ҳадисҳои зиёде ривоят шудааст. Аз он ҷумла, ҳадиси шарифи зайл ба ривояти Бухорӣ ва Аҳмад аз Абўсаъид ибни Муъалло аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) ба ман фармуд: «Бидон, қабл аз он ки аз масҷид хориҷ шавӣ, туро аз бузургтарин сураи Қуръон огоҳ хоҳам сохт».

Абўсаъид мегӯяд: «Расули Худо (с) дастамро гирифт ва ҳамин ки хостанд аз масҷид хориҷ шаванд, гуфтам: «Эй Расули Худо (с)! Магар шумо нагуфтед, ки туро аз бузургтарин сураи Қуръон огоҳ хоҳам сохт?». Фармуданд: «Оре! Бузургтарин сураи Қуръон الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ [١:٢] аст. Ин ҳамон «Сабъул-масонӣ» (ҳафт ояти такроршаванда) ва Қуръони азиме аст, ки ба ман дода шудааст».

Ҳамчунин, дар ҳадиси шариф ба ривояти Муслим дар «Саҳеҳ»-аш ва Насоӣ дар «Сунан»-аш аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки фармуд: «Ҷабраил (а) назди Расули Худо (с) буд, ки баногоҳ он Ҳазрат (с) аз болои сари хеш садоеро шуниданд. Ҷабраил (а) нигоҳашро ба осмон дӯхт ва гуфт: «Ин даре аст, ки ҳамакнун дар осмон кушода шуд ва қабл аз ин ҳаргиз кушода нашуда буд. Ровӣ идома медиҳад: «Сипас, аз он дар фариштае назди Расули Худо (с) фуруд омад ва гуфт:

أبشر بنورين قد أوتيتهما لم يؤتهما نبيقبلك: فاتحة الكتاب وخواتيم سورة البقره، لن تقرأ حرفا منهما إلا أوتيته.

«Мужда бод туро ба ду нуре, ки бароят дода шуда ва қабл аз ту ба ҳеч паёмбаре дода нашудааст: (Инҳо иборатанд аз) «Фотиҳатул-китоб» ва оёти поёнии сураи «Бақара». (Инро бидон, ки) ҳаргиз ҳеч ҳарфе аз онҳоро қироат намекунӣ, магар он ки ҳамонро дода мешавӣ!».

Сураи «Фотиҳа» дарбаргирандаи маъонии Қуръон, муштамил бар усул ва фуруъи дин, дарбардорандаи усули ақида, ибодат ва шариат, раҳномойӣ ба сӯи дархости ҳидоят аз Раббул-ъоламин ва дархости барканор мондан аз роҳи мунҳарифон ва бероҳашудагон аст.

Дар анҷом аз даргоҳи Раббул-ъиззат хостгори онем, ки ҳар лаҳзаи ҳаёти моро бо нури Қуръон мунаввар, қалбҳои моро бо ҳикмати Қуръон пурҷило, рӯзгори моро бо фазли Қуръон пурбаракат, забони моро бо хондани Қуръон устувор бигардонад! Омин!

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:24
Пешин13:00
Аср17:49
Шом19:49
Хуфтан21:19
Суханронии Президент
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар