Савол № 01180

Лутфан, дар мавриди рӯза доштан ё надоштан ҳангоми ҳайз назаратонро тибқи дастури дини Ислом равшан мекардед. Агар муддати ҳайз 10 рӯзро дар бар гирад, ҷараёни рӯзадорӣ чӣ гуна бояд сипарӣ шавад. Оё ҳамин 10 рӯз рӯза нагирем ё се рӯзи аввал?

Савол:

Лутфан, дар мавриди рӯза доштан ё надоштан ҳангоми ҳайз назаратонро тибқи дастури дини Ислом равшан мекардед. Агар муддати ҳайз 10 рӯзро дар бар гирад, ҷараёни рӯзадорӣ чӣ гуна бояд сипарӣ шавад. Оё ҳамин 10 рӯз рӯза нагирем ё се рӯзи аввал? Бо сипос,

Саволдиҳанда: Мафтуна

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, зан дар рӯзҳои узраш рӯза намедорад, мабодо рӯза ҳам гирад, аз рӯза ҳисоб намешавад. Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) камтарин муддати ҳайз се рӯз ва аксари он 10 рӯз аст. Агар ҷараёни хун дар 3 рӯз манъ шавад, рӯзаро идома медиҳад, агар то 10 рӯз муддати узраш тӯл кашад, аз рӯза худдорӣ мекунад, пас аз итмоми муддат рӯзаро идома медиҳад. Ногуфта намонад, ки барои ҳар хоҳар муддати узраш маълум аст, айёми узрашро баъд аз Рамазон қазо медорад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 7)

2017-06-01
3381
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54