Савол № 01319

Вақте ба намози ҷамоат рафтем, имом се ракъати намозро гузоридааст, пас аз саломи имом ин се ракъатро чигуна бихонем?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Вақте ба намози ҷамоат рафтем, имом се ракъати намозро гузоридааст, пас аз саломи имом ин се ракъатро чигуна бихонем? 2. Суннати пешинро нахондем, пас аз адои фарз аввал чор ракъат суннати пешин хонда мешавад ё ки ду ракъат суннати он?

Саволдиҳанда: Мирзошариф

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, агар се ракъати намози фарзро дарнаёфтед, баъд аз гузоридани ракъати чаҳорум ҳамроҳи имом ва салом додани ӯ бархоста ду ракъат бо замми сура хонда, менишинед ва “Аттаҳийёт” мехонед, сипас як ракъати дигар бе замми сура гузорида, менишинед ва “Аттаҳийёт”, салавот ва дуои “Аллоҳуммағфир лӣ” мехонед ва салом дода, намозро ба поён мерасонед. Яъне шумо се ракъати масбуқонаро ба монанди намози шом мегузоред. 2. Шумо ихтиёр доред, аввал чаҳор ракъат суннат гузоред ё ду ракъат, ҳар ду сурат ҷоиз аст.

2017-07-01
3407
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54