Савол № 01378

Чаро дар намози ҷумъа ду маротиба азон мегӯянд?

Савол:

Дуруд ба шумо! Чаро дар намози ҷумъа ду маротиба азон мегӯянд?

Саволдиҳанда: Шокир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар оғози Ислом дар намози ҷумъа як бор азон дода мешуд, вале дар замони ҳазрати Усмон (р) ба сабаби зиёд шудани мусулмонон, ҳазрати Усмон (р) азони дигарро зиёд намуданд, то ки мардум дар ғафлат намонанд. Чунонки аз Соиб ибни Язид ривоят аст, ки фармуд: “Дар аҳди Расули Худо (с) ва Абубакру Умар (р) азони рӯзи ҷумъа ҳангоми нишастани имом дар минбар дода мешуд, чун замони хилофати Усмон (р) теъдоди намозгузорон афзуд, ӯ амр кард, ки дар Завро (номи сарое дар бозори Мадина) азони дувум гуфта шавад”. (Ривояти Бухорӣ, Тирмизӣ ва дигарон)

2017-07-18
3828
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:36
Пешин12:40
Аср17:33
Шом19:38
Хуфтан21:08