Савол № 01387

Оё дар Ислом ошиқӣ ҷоиз аст ё не?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё дар Ислом ошиқӣ ҷоиз аст ё не?

Саволдиҳанда: Шодибек

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз,аз нигоҳи дини Ислом ошиқӣ ва муносибати номашруъ бо номаҳрам амали ҳаром аст. Шариат барои баровардани ниёзҳои фитрииинсон никоҳ ва издивоҷро муқаррар  намудааст,  ки  ӯро ҳам аз ваҳшати танҳоӣ раҳо месозад ва ҳам аз ҳар гуна беиффатӣ, тардоманӣ ва лаззатҷӯиҳои номашруъ нигаҳ медорад. Расули Худо (с) ба ҷавонон чунин хитоб фармудаанд: «Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавони издивоҷ кардан дошта бошад, ин корро бикунад, зеро издивоҷ боиси сукунати чашму қалб ва ба вуҷудорандаи иффат аст ва ҳар касе наметавонад издивоҷ кунад, бояд ба рӯза чанг бизанад, зеро рӯза барои ӯ паноҳгоҳест, ки тақво меорад». (Ривояти Бухорӣ)

Аз нигоҳи дини Ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ бо ҳамсари худ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан ва фарзандони солеҳу солим тарбият кардан аст. 

2017-07-19
3251
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55