Савол № 01735

Дар ҳолати бо ҷамоат дарёфтани фарзи намози бомдод ва пешин, намози суннатро пас аз фарз гузоридан ҷоиз аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Дар ҳолати бо ҷамоат дарёфтани фарзи намози бомдод ва пешин, намози суннатро пас аз фарз гузоридан ҷоиз аст ё на?

Саволдиҳанда:Абдурраҳмон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз назари Имоми Аъзам (р) ва Абўюсуф (р) пас аз гузоридани фарзи бомдод суннати он гузорида намешавад, вале Имом Муҳаммад (р) мегўяд: “Ман дўст медорам, ки пас аз тулуъи офтоб ва баланд шудани он намози суннат гузорида шавад”. Суннатҳои намози пешин пас аз фарз гузорида мешавад, кадомеро, ки аввал гузорад, ихтиёр дорад.   

2018-04-27
3527
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54