Савол № 01891

Дар бораи саҷдаи тиловат ба тафсил фаҳмонед, чӣ хел бояд ният кард ва чанд бор саҷда кард, салом бояд дод ё на? Дар охир дар ҳаққи ман, ки дар ғарибӣ ҳастам, дуои хайр кунед.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар бораи саҷдаи тиловат ба тафсил фаҳмонед, чӣ хел бояд ният кард ва чанд бор саҷда кард, салом бояд дод ё на? Дар охир дар ҳаққи ман, ки дар ғарибӣ ҳастам, дуои хайр кунед. Боқӣ дар панохи Аллоҳ бошед.

Саволдиҳанда: Сайвалӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, саҷдаи тиловат дар чордаҳ ояти Қуръон вуҷуд дорад, касе ки яке аз ин оятҳоро тиловат кунад ё шунавад, як бор саҷда бар вай лозим мешавад. Пас аз адои саҷда салом додан лозим нест. Нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати Аллоҳу Акбар”. Яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рў овардам ба қибла, Аллоҳу Акбар. Пас аз гуфтани такбир фавран як саҷда карда, дар он се ё панҷ бор “Субҳона Раббиял-Аъло” мегўяд, сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир”. Тарҷума: Саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ў имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгашт ба сўи Туст”. Худованд шуморо ҳамеша дар ҳифзу паноҳаш нигоҳ дорад ва бароятон комёбӣ ато фармояд.

2018-07-19
3999
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54