Савол № 01895

Агар ман нияти ба ҳаҷ рафтан дошта бошам, оё ҷоиз аст, ки барои зиёрати хонаи Худо равам, на ин ки ҳаҷи фарзӣ ё умра?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар ман нияти ба ҳаҷ рафтан дошта бошам, оё ҷоиз аст, ки барои зиёрати хонаи Худо равам, на ин ки ҳаҷи фарзӣ ё умра?

Саволдиҳанда: Шукрона

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ҳаҷ фаризаи илоҳӣ аст ва дар мавсими муайян бо шароити хоссе баргузор мегардад.  Умра суннат аст ва дар давоми сол анҷом дода мешавад. Агар шумо нияти ҳаҷ карда бошед, бояд онро дар мавсимаш ба ҷо биёред, вагарна фаризаи ҳаҷ аз шумо соқит намешавад. Барои огоҳ шудан аз масоили ҳаҷ шумо китобҳои таълифшуда дар ин мавзуъро мутолиа кунед. Худованд ба шумо адои ин ибодати бузургро насиб гардонад.

2018-07-19
3098
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54