Савол № 01895
Агар ман нияти ба ҳаҷ рафтан дошта бошам, оё ҷоиз аст, ки барои зиёрати хонаи Худо равам, на ин ки ҳаҷи фарзӣ ё умра?
Савол:
Ассалому алайкум. Агар ман нияти ба ҳаҷ рафтан дошта бошам, оё ҷоиз аст, ки барои зиёрати хонаи Худо равам, на ин ки ҳаҷи фарзӣ ё умра?
Саволдиҳанда: Шукрона
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ҳаҷ фаризаи илоҳӣ аст ва дар мавсими муайян бо шароити хоссе баргузор мегардад. Умра суннат аст ва дар давоми сол анҷом дода мешавад. Агар шумо нияти ҳаҷ карда бошед, бояд онро дар мавсимаш ба ҷо биёред, вагарна фаризаи ҳаҷ аз шумо соқит намешавад. Барои огоҳ шудан аз масоили ҳаҷ шумо китобҳои таълифшуда дар ин мавзуъро мутолиа кунед. Худованд ба шумо адои ин ибодати бузургро насиб гардонад.