Савол № 00930

Домуллои азиз, дар бораи қартабозӣ ва монанди инҳо маълумот медодед.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, дар бораи қартабозӣ ва монанди инҳо маълумот медодед. Қаблан ташаккури зиёд.

Саволдиҳанда: Абдулҳамид

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар дар қартабозӣ ва дигар навъҳои бозӣ маблағе гузошта шавад, пас он қимор ба ҳисоб меравад ва тибқи ояти қуръонӣ ҳаром мебошад. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Эй мӯъминон, ҷуз ин нест, ки хамр ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори Шайтон аст; пас, аз вай дурӣ кунед, то бувад ки растагор шавед”. (“Анъом”, 90) Вале агар қартабозӣ ва амсоли он бидуни маблағ анҷом дода шаванд, пас як навъ лаҳв ва кори беҳуда ба шумор рафта, боиси зоеъ шудани умри гаронмоя мебошанд.

2017-03-06
4242
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54