Хабарҳо
Рўзи 30 январи соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдукодирзода баргузор гардид.
Дар ҳошияи табдирҳои ободониву бунёдкорӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз тадил додани пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе роҳбрият ва кормандони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари ниҳолшинонӣ ташкил намуданд.
Боиси хушҳолӣ ва сарфарозии ҳар як ходими дини кишвар аст, ки дар таърихи қариб як қарни гузашта нахустин бор як нафар намояндаи дин дар соҳаи илму маориф ба ин унвони баланди илмӣ мушарраф мегардад. Тибқи шаҳодати олимону устодоне, ки дар ҷаласаи илмии ҳимояи рисолаи мазкур иштирок доштанд, Раиси Шўрои уламо ҳамчун унвонҷў ба ҳама суолҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххаси илмӣ дода, дар ҳимоя кардани рисолаи хеш бисёр муваффақ буданд.
Мавлуди босаодати Расули Худо (с), ки имсол ба рўзи 29-уми октябр рост меояд, яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии аҳли башар ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид.
Ҳамватанони гиромӣ! Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Қурбонро дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҷашн мегиранд. Агар ба ҳикмат ва маонии тамоми ибодатҳои дини мубини Ислом амиқан назар андозем, дар ниҳоди онҳо маънои ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, дўстию муҳаббат ва муттаҳидии мусулмононро хоҳем дарёфт.
Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо фаро расидани Иди Қурбон табрику таҳният мегӯяд.Бо қарори Шӯрои уламо таҷлили Иди Қурбон рўзи 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст.
Суханронии Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон
Муфассалтар