ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА -РАРСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ШАРТИ РУШДИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ”
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракат барои соли 2026 рӯзи 12-уми июн дар ноҳияи Дарвоз бо сокинону фаъолон дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ – шарти рушди устувори давлат» вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар ин вохўрӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода – Раиси Маркази исломӣ иштирок ва дар мавзўи “Маърифати ҳуқуқӣ — шарти рушди устувори давлат: Нигоҳи исломӣ ва арзишҳои динӣ” суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии мазкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Мирзонабот Алишер Худобердӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Рудобаи Мукаррам, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ораз Муртазозода, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фотеҳ Қувватзода низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба хидматҳои Пешвои миллат, ҳифзи сулҳу субот, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дониста шуда, дар ҷараёни он аз тарафи баромадкунандагон дар мавзуъҳои «Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими низоми ҳуқуқии Тоҷикистон», «Худшиносӣ – омили таҳкимбахши маърифати ҳуқуқӣ», «Дурнамои рушди иқтисодии ҷомеа ҳамчун заминаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ – омили бунёди ҷомеаи мутамаддин», «Маърифати ҳуқуқӣ – шарти рушди устувори давлат: нигоҳи исломӣ ва арзишҳои динӣ» маърузаҳои ҷолиб ироа гардид.
Зикр гардид, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шарти муҳимми рушди устувори давлати миллӣ буда, ба шаҳрвандон имкон медиҳад ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб донанд, аз манфиатҳои қонунии худ ҳимоя намоянд ва ва дар таҳкими волоияти қонун саҳм гузоранд.
Инчунин пас аз баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ санаи 12 июни соли равон меҳмонон аз қисми ҳарбии 0409 дидан намуда, афсарону сарбозонро бо фарорасии 29-солагии Рузӣ Ваҳдати миллӣ табрик намуданд. Дар қисми ҳарбӣ ба бархе аз афсарону сарбозонро бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қадрдонӣ карданд
ва барои сарбозон дар ин рӯз дасторхони идона ташкил карда шуд.
Дигар хабарҳо
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


