Асосӣ Хабарҳо Мулоқоти Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон бо Директори генералии идораи корҳои исломӣ ва фонди хайрияи Дубай

Мулоқоти Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон бо Директори генералии идораи корҳои исломӣ ва фонди хайрияи Дубай

Мулоқоти Раиси  Шўрои уламои Тоҷикистон бо Директори генералии идораи корҳои исломӣ ва фонди хайрияи Дубай
2019-11-07
4223

Рўзҳои 4-6 ноябри соли ҷорӢ дар шаҳри Дубай бо ташаббуси Раёсати ҳамкориҳои исломӣ ва фаъолияти хайриявии ин шаҳр ва Маҷмааи байналмилалии фиқҳи исломии Созмони Ҳамкории Исломӣ Конфронси байналмилалии фиқҳи исломӣ баргузор гардида истодааст. Дар кори нишасти мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Шўрои уламои Маркази исломӢ – Саидмукарам Абдуқодирзода ширкат варзид.
Дар доираи чорабинии мазкур мулоқоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукарам Абдуқодирзода бо Раиси Кумитаи тадорукоти Конфронс ва Директори генералии идораи корҳои исломӣ ва фонди хайрияи Дубай Ҳамд ибн ал-Шайх Аҳмад Ҳамд ал-Шайбонӣ доир гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи дин суҳбат намуданд. Зимни мулоқот Раиси Маркази исломӢ аз Ҳамд ибн ал-Шайх Аҳмад Ҳамд ал-Шайбонӣ даъват намуд, ки аз Тоҷикистон дидан намоянд. Мусоҳиб ин даъвати С. Абдуқодирзодаро бо хушӢ пазируфт.

Ҳамчунин, Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳошияи ин чорабинӢ бо Агентии иттилоотии Аморот мусоҳиба анҷом дода, доир ба фаъолияти Маркази исломӣ ва Шўрои уламо дар Тоҷикистон маълумоти мухтасар дод. Аз натиҷаи мусоҳиба бо Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон дар Агентии иттилоотии Аморот матлаб нашр гардид.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар