Асосӣ Хабарҳо Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)
2021-10-11
889

        Чунонки маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъи кишвар баргузор мегардад. Вобаста ба ин рўйдоди фархунда Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 7-уми октябри соли 2021 қарори дахлдор қабул намуданд.

         «Имсол ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 15-уми октябри соли 2021 қайд карда мешавад»

        Қобили зикр аст, ки мавлуди Расули Худо (с) яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии аҳли башар ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид.

        Раёсати Шўрои уламо кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди  Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:55
Пешин12:40
Аср15:44
Шом17:45
Хуфтан19:15
Суханронии Президент
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар