Асосӣ Хабарҳо ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР
2023-03-29
2907

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «ТАШАККУЛИ МАФКУРАВИИ ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН ДАР МУҚОВИМАТ БА ИДЕОЛОГИЯИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТӢ» ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД-И ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

          Раиси Шўрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 30-юми ноябри соли 2022 дар кори Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ташаккули мафкуравии ҷаҳонбинии ҷавонон дар муқовимат ба идеологияи экстремистӣ-террористӣ», ки дар Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок ва дар мавзўи «Илму маърифат ва ахлоқи ҳамида – омили муҳим аз таъсири ҳамагуна зуҳуроти номатлуб» баромад намуданд.

    Зимни баромади худ мавсуф қайд намуданд, ки ҷавонон дар ҳар кишвари дунё қишри асосии бунияи иҷтимоиро ташкил медиҳанд ва давлате, ки ба ин масъала, яъне чигунагии аҳвол ва дурнамои рушди ҷавонону ноболиѓон аҳаммият медиҳад ва сари вақт мушкилоти онро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, аз ҳар мавқеъ – ҳам осоиши кишвар ва ҳам тараққиёти бемайлони он бурди азиме хоҳад кард.

Инчунин таъкид ба он намуданд, ки имрӯз гиромӣ доштану қадр кардани Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва он нерӯи бузурги ваҳдатовар, ки бо хости Парвардигор сарнавишти неки мо ва наслҳоямонро муқаррар намуда, бароямон осмони софу ҳаёти осоиштаро таъмин кард, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди огоҳу соҳибхирад мебошад.

Аз ин лиҳоз, дуо мекунем, ки Парвардигор кишвари моро аз офатҳо нигаҳбон бошад, раҳмату баракати худро ба ин сарзамин арзонӣ дорад,  мардуми ин диёрро зиндагонии орому саодатмандона дар дунёву охират насибу рӯзӣ бигардонад, ҷавонони моро дар паноҳи исмати худ нигаҳбон бошад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар