Асосӣ Хабарҳо Паёми табрикӣ ба муносибати Иди саиди фитр

Паёми табрикӣ ба муносибати Иди саиди фитр

Паёми табрикӣ ба муносибати Иди саиди фитр
2016-07-06
2458

ПАЁМИ ТАБРИКИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА - РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ИДИ САИДИ РАМАЗОН

     Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва бениҳоят меҳрубон.

       Ассалому алайкум хамдиёрони арҷманд!

      Баъди муддате моҳи шарифи Рамазон - яке аз бузургтарин ва муқаддастарин моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ барои мусалмонони тамоми олам, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон, баъди рӯзҳои рӯзадориву тоату ибодатҳо ва худдорӣ кардан аз хӯрдану ошомидану дигар неъматҳо ба анҷом расида, иди саиди Фитр, ки дар радифи иди саиди Қурбон дуюмин иди муқаддаси дини мубини Ислом аст, фаро мерасад.

      Фазилатҳои ин иди бузург ва ҳикматҳои он ба дараҷае паҳнои андеша доранд, ки маънову муҳтавои қадру манзалат ва эътибору аҳамияти умри инсониро фаро мегиранд. Дар забони арабӣрӯзадориро савм мегӯянд ва он мутлақо ба маънои худдорӣ кардан аст. Фарди мусалмон давоми як моҳ хешро аз ғизову тафреҳ боздошта, ба покизагии олами ботинӣ, андеша ва тафаккур, сухану амал рӯ меорад, ҷараёни зиндагии фардӣ ва иҷтимоии хешро бознигарӣ мекунад ва дар маҷмӯъ, мақсаду маром ва муҳтавои ҳастии хешро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Ин худнигарӣ барои ҳар фарди мусалмон аз нигоҳи дини мубини Ислом зарур ва шарти асосии имондорӣба шумор меравад.

      Фазилати дигари ин ид ҳамин аст, ки мардум бо дуову фотиҳа рӯҳи гузаштагони хешро шод мекунанд ва ба ин хотир хони идона ороста, аз ҳоли якдигар огоҳ ва ҳамдигарро ба роҳи рост ва эҳсонкорӣ дар ҳаққи барҷомондагону ятимон ва бепарасторон ҳидоят мекунанд. Бо истифода аз фурсати муносиб, Раёсати Шӯрои уламо ҳама мардуми кишвар, пиру барнои Тоҷикистонро шодбош гуфта, иҷобати дуоҳои муслиминро дар ин рӯзи саид аз даргоҳи Худованди таъоло таманно мекунам.

      Дар муқоиса бо кишварҳои зиёди мусулмоннишини олам Тоҷикистон аз нигоҳи дину диндории раият, ба ҷо овардани эътиқодоти динӣ ва амалӣ намудани ниёзҳои вобаста ба дину мазҳаб мавқеи осудаву пешрафта дорад. Дар кишвари азизи мо арзишҳои динӣҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ барои суботу осудагии ҷомеа ва пешрафтҳои илмиву фарҳангии он нақши бориз доранд ва инро мардуми шарифи мамлакат хеле хуб медонанд. Хизмати рӯҳониён дар амну осоиши кишвар ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи гиромӣ доштани ватани азиз бузург аст ва омили динӣ аз муассиртарин омилҳои пешрафти маънавияти ҷомеа маҳсуб меёбад. Қонунияти бунёди давлати миллии Тоҷикистон тақозо дорад, ки ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам расму ойинҳои аҷдодӣ бояд дар хизмати мардуми Тоҷикистон ва пешрафти муътадили ҳама соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти он бошад.

      Вазъи кунунии рушди Тоҷикистон моро водор мекунад, ки дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо биёрем.

      Бузургии моҳи шарифи Рамазон, қабл аз ҳама, дар он аст, ки дар ин моҳ китоби муқаддаси «Қуръон» нозил шудааст. Дигар ин ки маҳз дар ҳамин моҳ мусулмонон сари масъалаи фарқи байни ҳалолу ҳаром ва илмуҷаҳолат андеша мекунанд. Дар нахустин оятҳои ба Паёмбари Акрам (с) нозилшуда Худованд амр ба хондану навиштанро ҳамчун василаи касби илм фармудааст.

      Оғоз гардидани чунин китоби бузург аз илмомӯзӣ гувоҳи дақиқи он аст, ки илму дониш дар дини мубини ислом мақому манзалати баланд дорад. Оятҳои бештари «Қуръон»-и карим мардумро ба дарки равандҳои ҳаёт тавассути ҷаҳонбинии илмӣ даъват мекунанд. Дар ҳақиқат, агар инсони ҷӯёи илм ба дунёву атрофаш назар андозад, худро беҳтар шинохта, нақшу ҷойгоҳ ва масъулияти худро дар рӯ ба рӯи ин ҳама неъматҳо амиқтар дарк мекунад.

      Кулли донишмандон ба ин ақидаанд, ки маънии «Қуръон» дарбаргирандаи тамоми ҷанбаҳои зиндагии мусулмон, аз ҷумла ахлоқу одоби ҳамида аст. Аз ин нуқтаи назар, дар шароити имрӯзаиҷаҳонишавӣ масъалаи тарбияи ахлоқи ҳамидаи ҷавонон аҳамияти бештар касб намудааст. Ба қавли Расули Акрам (с), беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзанд тарбияти писандида аст ва агар шахсе фарзандашро хуб адаб омӯзад, беҳтар аз он аст, ки миқдори моле садақа диҳад, падар ба фарзанди худ ҳеҷҳадяеро беҳтар аз тарбияти хуб набахшидааст. Пайғамбари гиромӣҳамчунин дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: «Фарзандонатонро эҳтиром бигузоред, ононро хуб адаб омӯзед ва ахлоқу рафторашонро некӯ ислоҳ намоед».

      Аз ҷумлаи анъанаҳои неке, ки барои истиқболи иди саиди Фитр аз Паёмбари гиромиқадр (с) ба умматонаш мерос мондааст, дар ин рӯз манзилу маҳалли зисти худро тозаву озода кардан, либоси тозаву озодаи худро пӯшида, бо шодиву нишот ба идгоҳ рафтан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, табрик кардан аст. Анъана ва суннати неки дигаре, ки дар рӯзҳои ид анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад. Вобаста ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки садақаи фитр ва хайротро ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бепарасторон додан савоби чандинкарата зиёд дорад.

      Дар маҷмӯъ, дуруст анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ, танзими маъракаву маросимҳо, тарбияи насли наврас, тарғиби омӯзиши илму ҳунар, омода кардани мутахассисони созандаву эҷодкор ва соҳибони ояндаи ободи Ватан дар раванди бунёди давлати миллии соҳибистиқлоламон пайванди ногусастании арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии мо хоҳад буд.

      Бо чунин ниятҳои нек, ҳамаи Шумо, падарону модарон, хоҳарону бародаронро бо фарорасии иди саиди Фитр аз самими қалб муборакбод намуда, аз Худованд бахту иқболи баланд, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва дили шоду хонаи ободи Шуморо орзумандам. Худованд ҳамеша бо назари раҳматаш назар кунад, омин ё Раббал-оламин.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар