Асосӣ Хабарҳо Шӯрои уламо рӯзи Иди Қурбонро муайян кард

Шӯрои уламо рӯзи Иди Қурбонро муайян кард

Шӯрои уламо рӯзи Иди Қурбонро муайян кард
2016-09-03
6457

Имрӯз соати 11.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Нахуст дар назди уламои кишвар, муовини раиси Шӯрои уламои Марказии исломии ҷумҳурӣ Саидов Абдулбасир баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ду ҷашни бузурги дарпешистода – яке ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолият ва дигар иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфт.

Сипас номбурда аҳли нишастро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи 12-уми сентябр рост меояд.

Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор карданд:

1. Иди саиди Қурбон рӯзи  12-уми сентябри соли 2016 муайян карда шавад.

2. Вақти баргузоршавии намози иди Қурбон дар қаламрави кишвар соати  7.00 муайян карда шавад.

Дар анҷоми ҷамъомад муовини раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Абдулбасир аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар