Асосӣ Хабарҳо Паёми табрикӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолият ва Иди саиди Қурбон

Паёми табрикӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолият ва Иди саиди Қурбон

Паёми табрикӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолият ва Иди саиди Қурбон
2016-09-06
796

  Табрикоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди саиди Қурбон

Бисмиллоҳир–Раҳмонир–Раҳим

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Худованди яктову беҳамто, ки бо фазлу карами худ оятҳову нишонаҳое ба мо нишон дод ва паёмбарони ғамхореро барои таълиму тарбияи мо фиристод. Дуруду саломи бепоён бар ҳамаи онҳо ва хусусан бар хотами пайғамбарон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони ёрону пайравонаш бод.

Бо лутфу марҳамат ва инояти Парвардигор аз номи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи кишварро бо фарорасии Иди саиди Қурбон ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику шодбош мегӯям.

 Имсол Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистони азиз баъди таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки неъмати бузургтарини миллат ва давлати мост, рост омад. Чунин пай дар пай омадани ин ду ҷашни муборак, ки яке ба соҳибихтиёриву мустақилияти давлат ва дигаре ба инсондӯстии ҳар фард ишора дорад, воқеан, эҳсоси ифтихор ва аз сӯи дигар масъулияти баланди ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бедор мекунад. Дар ин рӯзҳои муборак холисона дасти дуо ба даргоҳи Худованди ягона мебардорем, ки Ватани азизамон бо сарварии Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ ба як давлати мутараққӣ ва озоду обод мубаддал гардад ва сулҳу амонӣ дар он ҷовидон бошад. Иншоаллоҳ, ки ҳама нақшаҳо ва ормонҳои Пешвои Миллат барои саодатмандии ин кишвару ин мардум, ки аз ниятҳои поку беғарази ӯ таркиб ёфтаанд, бо хости Офаридгори Раҳиму Раҳмон ҷомаи амал мепӯшанд, чунки раияти Тоҷикистон дар симо ва амалҳои наҷиби Пешвои Миллат роҳбари воқеӣ ва ростини худро мебинанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол аст, ки дар фазои озоди рушду такомул қарор дорад ва мардум аз беҳтарин дастовардҳо ва ҳуқуқу озодиҳои хеш истифода мебаранд. Ҳама чизе, ки имрӯз мо аз он мефахрем, ҳама чизе, ки дорем, бо фазли Парвардигор ҳама аз неъмати истиқлол аст. Истиқлол он хуршеди ягонаест, ки роҳи моро ба оянда равшан мекунад. Набояд заррае фаромӯш кард, ки истиқлолиятро азиз доштан, мамлакатро дар ҳоли тинҷиву амонӣ ва рушди устувор нигоҳ доштан аз сатҳи хираду шуур ва ахлоқу масъулияти ҳар нафар вобаста аст. Таҷрибаи давлатҳое, ки пешрафтҳои азим доранд ва ба дараҷаи баланди некӯаҳволии мардум расидаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки шарти аввал ва муҳимтарини ҳама гуна иқдомоти ватандорӣ сидқан дӯст доштани Ватан ва эҳтиром ба муқаддасоти дину мазҳаб аст.

Иди Қурбон яке аз идҳои исломӣ ба шумор рафта, ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз тибқи суннати Иброҳим (а) ва фармудаи Худову Расул (с) бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, ба камбизоатону ятимон қисме аз он гӯштро садақа мекунанд, аз аҳволи онҳо бохабар мешаванд, дасти лутфу меҳрубонӣ ва хайру саховати худро ба сӯи ниёзмандону бечорагон дароз мекунанд ва ба ин васила ризоят ва хушнудии Худоро дармеёбанд.

Дар ҳадисҳои Паёмбари гиромии Ислом (с) омадааст, ки ин рӯз иборат аз рӯзи хурсандӣ, дӯстиву бародарӣ ва бахшидан аз якдигар, дур кардани кинаву адоват аз дилҳо ва хусусан кӯмак кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон аст, ҳамчунон ки Шайх Фаридуддини Аттор дар маънои ин ҳадис мефармояд:

Ҳарки хандонад ятими хастаро,

Дар кушояд Ҷаннати дарбастаро.

Аҳли рӯҳонияти кишвар, имомхатибон ва ҳама аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои пойдории сулҳу субот ва поку озода нигоҳ доштани фазои эътиқодоти муслимин, роҳ надодан ба ихтилофоту воридшавии ақоиди бегона, дар тинату ниҳоди ҳар сокини мамлакат парвариш додани эҳсоси масъулият барои ҳифзи миллату Ватан, худшиносиву эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳама имконоти илмиву ақлонии хешро сарф хоҳанд намуд.

Бори дигар, тамоми мардуми кишвари азизамонро бо ин санаҳои саид таҳният мегӯем ва аз Худои яктову тавоно ҳамеша таманно мекунем, ки Ватани мо доимо дар рушду нумӯ ва мардуми он дар амну оромӣ ва пешрафту шукуфоӣ саломату бардам ва хотирҷамъу муваффақ бошанд.

 

Раиси Шӯрои уламои Маркази

исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидмукаррам   Абдуқодирзода

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:58
Пешин13:00
Аср15:34
Шом17:39
Хуфтан19:09
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми табрикӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолият ва Иди саиди Қурбон

Паёми табрикӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолият ва Иди саиди Қурбон

Муфассалтар