Асосӣ Хабарҳо БАЪДИ МУТОЛИА. Чанд андеша атрофи мақолаи Қ. Нурулҳақов – “Шиагароӣ: Идеология ва амалияи он”

БАЪДИ МУТОЛИА. Чанд андеша атрофи мақолаи Қ. Нурулҳақов – “Шиагароӣ: Идеология ва амалияи он”

БАЪДИ МУТОЛИА. Чанд андеша атрофи мақолаи Қ. Нурулҳақов – “Шиагароӣ: Идеология ва амалияи он”
2017-11-01
207

БАЪДИ МУТОЛИА. Чанд андеша атрофи мақолаи Қ. Нурулҳақов – “Шиагароӣ: Идеология ва амалияи он”

 Бо ғалабаи инқилоби исломии Эрон бо роҳбарии Оятуллоҳ Хумайнӣ, дар харитаи ҷаҳон номи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба миён омад ва ҳамаи масоили динӣ боз бо  сиёсат омезиш ёфт. Эрон пайваста таъсир ва нуфузи худро ба мамолики мусалмоннишин ва алалхусус ба кишварҳои собиқ шӯравӣ, мисли Озарбойҷону Тоҷикистон зиёда намуд. Ба Озарбойҷон бо сабаби он, ки дар онҷо аксаран шиъаҳо зиндагӣ менамоянд ва ба Тоҷикистон, ки ҳамзабон мебошанд. Давоми ин солҳо Эрон бо ҳама роҳу имкониятҳо мехост мақсадҳои худро пиёда созад.  Ибтидои солҳои истиқлолият дар кишвари мо шахсоне пайдо шуданд, ки Тоҷикистонро мисли Эрон медиданд ва бо кӯмаку барномарезиҳои хоҷагони худ, мардуми боихлосро бо номи поки ислом ба қатлу куштор кашиданд. Зиёда аз ин, барои расидан ба сари ҳокимият роҳи ташкили ҳизби сиёсии диниро низ ба нақша гирифтанд. Ҳамин тавр  Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  ба миён омад, ки ба ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии мо зарари калон расонид. Таърих гувоҳ гашт, ки ҳамаи воқеаҳои мудҳише, ки ба сари мардум омада буд, бо маблағгузории мустақими Эрон сурат гирифта будааст. Қатли нобиғаҳои миллати тоҷик дар он солҳо, барои байни мардум коштани тухми нобоварӣ ва бадбинӣ нисбати  давлат ва ҳукумати қонунии Тоҷикистон  ва сохтани давлати шиагароӣ будааст. Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ  ҳамчун  як механизми паҳн кардани ақида ва таълимоти шиъа дар Тоҷикистон, корҳои зиёдеро ба амал бароварда, барои ба миён омадани ”Ҳукумати исломӣ” бо роҳи “Инқилоби исломӣ” замина тайёр намудааст. ҲНИТ барои  расидан ба ин мақсадҳои шуми  худ, то соли 2015 миллионҳо долларро ҷамъ  ва садҳо нафарро мусаллаҳ карда бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим  зидди давлату ҳукумати қонунӣ ҳамлаи мусаллаҳона намуд ва симои аслии хешро нишон дод. Ин воқеияти таърихист, ки ҳамаи мо ба он гувоҳ ҳастем. Баъди ин воқеаҳо ҳам Эрон роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИТ-ро дар конфоронси байнамилалӣ даъват намуда, онҳоро пазируфтааст. Ин гувоҳи он аст, ки Эрон аз мақсаду ниятҳои хеш нагаштааст. Мо тоҷикон таърихан суннимазҳабем ва  дар заминаи ин таълимоти бузурги Имоми Аъзам ба қуллаҳои баланди фарҳангу одоби исломӣ расидаем. Имрӯз моро ба ягон таълимоти мазҳаби бегона, алахусус ҳаракати тундгароӣ-сиёсӣ ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ-ифротӣ эҳтиёҷе нест. Мо соҳиби фарҳанги воло ва ахлоқи ҳамида ҳастем. Мо сулҳҷӯ ва сулҳпарвар ҳастем. Бо нияту ихлоси пок ва ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи ин миллати куҳан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кўмаки Парвардигор моро ба сулҳ оварданд. Имрӯз ҷаҳониён  бо чашми сар дида истодаанд, ки мо ба чи қадар дастовардҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ расидаем. Мардуми мо ба қадри ин неъматҳои бузурги илоҳӣ мерасад ва албатта шукри онро ба ҷо меорад. Аз тарафи дигар, дида истодаем, ки бо сабаби ношукрӣ ва бозиҳои сиёсӣ-мазҳабӣ мардуми Ироқ, Либия, Сурия, Афғонистон ва дигарон ба чӣ аҳвол гирифтор шудаанд. Онҳо ҳам мисли ТЭТ ҲНИТ аҳзоби сиёсӣ-динии  гуногунро, ки фаъолияти худро бо номи исломи нобу пок пардапӯш мекунанд, ташкил карда буданд ва имрӯз натиҷаҳои фалокатбори онро ҳама дида истодаем. Чи хеле, ки барои паҳн кардани ҷараёнҳои гуногуни мазҳабию сиёсӣ дар Тоҷикистон ягон заминае вуҷуд надорад, барои паҳн намудани  шиагароӣ низ ягон заминаи иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Кӯшиши Эрон дар ин самт ба ғайр аз нокомиҳо дигар натиҷае намедиҳад, вале  сабаби вайрон гаштани муносибатҳои байнидавлатӣ мегардад, ки ин на барои мардуми Эрон манфиат дорад на ба мардуми Тоҷикистон.  Мо ҳама тарафдори муносибатҳои покдилона ва беғаразонаи байни кишварҳои худ ҳастем ва умед дорем, ки  дар асоси эҳтироми арзишҳои миллии якдигар бо ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамдину ҳамфарҳанг  ва ҳамзабон, бидуни бозиҳои сиёсӣ-мазҳабӣ алоқаҳои мо дар соҳаҳои гуногун  густариш  ёбад.

 Имомхатиби масҷиди ҷомеи

“Нури ислом”-и ш.Хуҷанд

    Ибодулло Калонзода

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:10
Шом17:11
Хуфтан18:41
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар