Асосӣ Хабарҳо ҶОНИБДОРӢ БА МАҚОЛАИ «ШОҲИДОНИ ЗИНДАИ БЕДОДИИ ҲНИТ»

ҶОНИБДОРӢ БА МАҚОЛАИ «ШОҲИДОНИ ЗИНДАИ БЕДОДИИ ҲНИТ»

ҶОНИБДОРӢ БА МАҚОЛАИ «ШОҲИДОНИ ЗИНДАИ БЕДОДИИ ҲНИТ»
2017-11-21
180

Ҳангоми мутолиаи мақолаи «Шоҳидони зиндаи бедодии ТЭТ ҳНИТ», ки дар рӯзномаи «Фараж» санаи15.11.2017 нашр гардидааст, маълум гардид, ки дар он мусоҳибаи Носирҷон Маъмурзода, бо Сайҷалол Сияҳаков, собиқ муовини Сардори созмони амнияти наҳзати исломии Тоҷикистон (САМНИТ) дар атрофи ҳамкориҳои ТЭТ «ҳНИТ» аз ҷумла, Султон ҳамад, Давлати Усмон ва Саидаҳмад Наҷмиддин бо мақомоти амниятии Эрон ҳамкорӣ намуда ва аз ҷониби Эрон кӯмакҳои пӯлӣ мегирифтаанд, баррасӣ гардидааст.

Чунонки Сайҷалол Сияҳаков, собиқ муовини Сардори созмони амнияти муҳоҷирони наҳзати исломии Тоҷикистон қайд менамояд, Хадамоти махсуси ҷумҳурии исломии Эрон ибтидо аз соли 1992 дар қаламрави ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳукумати мухолифинро аз ҳисоби роҳбарони ТЭТ «ҳНИТ» таъсис дод ва пурра зери назорати худ гирифт. Дар натиҷа ҳизби сиёсиро ба ташкилоти террористӣ мубаддал намуд. «Ман ба якчиз ҳайрон будам, ки дар Тоҷикистон-ку ҷанг нав сар шуда буд, мардум ҳатто барои гурехтан ва ё ягон молу амволи рӯзғорашонро бо худ гирифтан фурсат надоштанд. Лекин, эрониҳо ба монанди «Фолбин» аллакай то давраи фирори муҳоҷирини тоҷик ба Афғонистон, дар қаламрави ин кишвар созмону ташкилотҳоеро таҳти пӯшиши ҳимояи ҳуқуқи «мазлумон» таъсис дода, барои муҳоҷирони фирории тоҷик аллакай лагерҳои хаймавӣ «хайри бародарон»-и эрониҳояшон миннатдорӣ мекарданд, ки гӯё будаанд одамоне, ки ғами моро мехӯрдаанд. Аммо ман, ки худ аз кадрҳои он замони пурқудрати КГБ СССР будам, зуд дарк кардам, ки ҳамаи бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омадаро маҳз хадамотҳои махсуси Эрон пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд. Ҳиҷрати иҷбории мардуми тоҷик, интихоби макони сукунат дар Афғонистон, таълиму тадрис дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ, мағзшӯӣ ва истифодаи онҳо бар зидди Тоҷикистон - бандҳои алоҳидаи нақшаи бузурги хадамоти махсуси Эрон буд».

Дар ҳақиқат агар мо, мардуми ватандӯст ба таърихи наонқадар гузаштаи худ назар намоем, мебинем ки дар ибтидои солҳои навадум душманони миллат бо дастгирии «хоҷагон»-и хориҷии худ давлати навтаъсиси тоҷиконро ба вартаи ҷанг кашида, як миллати кӯчакро, ки амалан таъриху фарҳанги ғанӣ дошт, ба гурӯҳҳо қисмат намуданд. Аз майдони «Шаҳидон» пай дар пай ояту ҳадис гуфта мешуд ва мардуми нав аз таъсири шӯравӣ баромада, ба найранги бадхоҳон бовар мекарданд.

Маълум шуд, ки ин ҳама касофатӣ аз шумии ТЭТ ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. ҳамон ҳизбе, ки баъд аз бахшида шудани тамоми гуноҳон моҳи сентябри соли 2015 бори дигар муқобили халқи худ қиём намуда, мехост табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад.

ҳамин гуна кирдорҳои ваҳшиёнаи ТЭТ «ҳНИТ» ва «ДОИШ», инчунин дигар равияҳои ифротгаро боиси он гардидааст, ки бисёре аз давлатҳои дунё дар вартаи буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва аз байн рафтани урфу одат ва фарҳангашон қарор гирифтаанд.

Бинобар ин,гуфтаҳои болоро, ки дар расонаҳо мутолиа намудам, ба ин хулоса омадам, ки мехоҳам ёдрас намоям, ки мардуми Тоҷикистон бояд ин хатарро эҳсос намоянд, ҳушёр буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дигар ҳеҷ вақт фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои бегона  нашаванду хонаи ободи худро насӯзанд. Инчунин ба доми фиребу тазвири бегонагон наафтанд. Бо ватани ободу осоиштаи худ ифтихор кунанду бо дар амал татбиқ намдуни сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимоятгарӣ ватани азизи худ бошанд.

Қиёмиддин Насриддинов,

мутахассиси пешабри Раёсати таҳлил

ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид

ба корҳои дин, танзими анъана ва

ҷашну маросимҳои миллии назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:09
Шом17:10
Хуфтан18:40
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар